(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Усулҳои гулдӯзӣ дар тоқиҳои тоҷикӣСару либос аз қадимулайём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад. Ба ғайр аз либос, пӯшидани тоқӣ ба сар як ҷузъи либоспӯшии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тоқӣ – кулоҳи махсусест, ки барои иқлими гуногуни Осиёи Миёна мутобиқ буда, онро дар ҳар мавсими сол ба сар мепӯшанд. Тоқиро дар ҳар давру замон тоҷикон бо ҳар шаклу намуд: рангҳо, гулҳо, ба синну сол мувофиқ намуда истифода мебурданд. Тоқӣ чун сарпӯш рамзҳои расму оин ва маъракавию суннатӣ низ буд. Тоқиҳо чун шиносномаи маҳал ҷои зисти шахсро низ муайян менамуданд.

Инак, вазифа, тайинот, маҳал, синну сол ва ҷинсии омӯзишу тадқиқии тоқиҳо, ҳар яке таҳқиқи алоҳида ва ҷудогонаро талаб менамоянд. Имрӯз ҳам намуд, шакл, рангубор, тарзи дӯхт, маводи тоқидӯзӣ ва услуби захмдӯзии он зина ба зина то даврони муосир омада, аз нав эҳё ва ба онҳо навовариҳо ворид шуда истодааст. Аслан вожаи «тоқӣ»-ро арабҳо ва тоҷикони кӯҳистон, «дӯппӣ»-ро ӯзбекон ва «тӯппӣ»-ро тоҷикони водинишини Тоҷикистони Шимолӣ истифода мебаранд.

Аз солҳои 20-уми асри ХХ баъди маъракаи фаранҷипартоӣ ба сар пӯшидани тӯппӣ ба занон маъмул гардид.

Тоқиҳо гирда, чоркунҷа, пӯпакдор, шилшиладор мешаванд. Қобили тазаккур аст, ки услуб ва тарзи дӯхтани тӯппӣ гуногун буда, маъмултаринаш заминадӯзӣ (зич задани захмҳо) мебошад, ки асоси умумии тоқӣ саросар бо нахҳои абрешими сафед, сабз, кабуд, сими зард ва нуқрагин дӯхта шуда, онҳо ба ҳам пайваст гардида, тамоми гулдӯзии онро заминаи (асоси) яклухт фаро мегирад ва дар матоъ ҷои холӣ намемонад. Дар усули гулдӯзӣ танҳо нақш аз рӯи нусха болои матои абрешимин, нимабрешим, парча, барқут, махмал ва ғайра дӯхта мешавад. Бо ин усули қадима тоқиҳои мардона ва занона дӯхта мешуданд.

Тоқӣ асосан аз теппа ва ҷиҳак (шероза) иборат аст. Тоқиҳо аз рӯи масолеҳ, тарзи дӯхт, ороиш аз ҳам фарқ мекунанд. Вобаста ба тарзи дӯхти хоси ин ё он маҳал тоқӣ низ бо номи ҳамон мавзеъ маъмул мешавад. Тоқиҳои мардонаву занонаи чуст (тоқии чустӣ), Истаравшан (ӯротеппагӣ), Хуҷанд (хуҷандӣ), Кӯлоб (кӯлобӣ), Помир (помирӣ) ва ғайра хеле машҳуранд. Аксар матоъҳои тоқиҳо аз рангҳои гуногун: сиёҳ, сабз, кабуд, бунафш, ҷигарӣ иборат мебошанд. Дар Хуҷанд ду навъи тоқӣ: мудаввар ва чоркунҷа маъмул аст.

Тоқиҳои мардуми кӯҳистон шакли гирда доштанд ва қисмати болоии он бо шерозааш гулдӯзӣ карда мешуд. Гулҳои шероза тавъами гулҳои теппа буд.

Тоқиҳои ироқӣ, яъне ба тарзи чорчиллик дӯхтан аз солҳои 20-уми асри ХХ маъмул гардида, барои занон, мардон ва бачагон бо ҳамин тарз дӯхта мешуд. Лекин дар ин давра тоқии «чустӣ» барои мардон бештар чун навоварӣ маъмул гашт ва дар баъзе маҳалҳо онро занон низ мепӯшиданд. Навъи тоқиҳои теппаашон (кизакашон) гулдӯзӣ низ мавҷуд буданд, ки онро асосан духтарон мепӯшиданд. Тоқиҳо шаклҳои қатшаванда ва қатнашаванда доранд. Зери матои абраи тоқӣ аз астари сатин ё ласи сиёҳ, сабз, ҷигарӣ пайваст карда шуда, барои гулдӯзӣ омода намуда, ҳунармандон рамзҳои интихоб кардаашонро дар абра нақш офарида, рӯи онҳо гулдӯзӣ мекарданд. Дар тоқиҳои чустӣ дар ҳар як қисми теппа як гули қаланфур гулдӯзӣ мешавад, ки навъи ин нақш маъмулу машҳур аст.

Дар Хуҷанд ҳатто маҳалла бо номи «тӯппидӯзон» - тоқидӯзон маъруф аст. Ҳунармандони хуҷандӣ дар эҷоди нақшу нигори тоқиҳо нозукиҳо ва нафисии ин санъати кашидадӯзиро кор бурда, аз нахҳои зарҳалин ва абрешимини рангоранг ва матоъҳои барқут истифода мебурданд. Дертар гулдӯзиҳои нафис бо намуди «гули бодом» машҳур гардиданд.

Дар байни сокинони шаҳри Хуҷанд тоқии рангоранги «ироқӣ» бисёр паҳн мешавад. Тоқии тоҷикии ироқӣ чоркунҷаи сатҳаш ҳамвор буда, нақшҳои чоркалид, тарҳи гулдаста ва ё буттаи гуногунранг дорад. Дар аввали асри ХХ нақшу нигор дар тоқиҳо бо номи «санам» ва «чизма» машҳур мегардад. Инчунин тоқиҳо бо намуди гули «лола» дӯхта мешуданд.

Дигар намуди машҳури тоқӣ бо санъати зардӯзӣ дӯхташуда мебошад. Нақшу нигори зардӯзӣ – яке аз намудҳои санъати олии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Санъати гулдӯзиҳои зардӯзӣ байни мар-дум ривоҷу равнақ ёфта буд. Дертар дар Хуҷанд тоқиҳои гулдӯзиҳояш зарҳалин маъмулу машҳур гардиданд. Тоқиҳо бо шаббаҳои зарҳалин дӯхта шуда, нақшу нигори гуногун доштанд, ки маҳсули дасти ҳунармандон берун аз доираи шаҳр машҳур гардида буд.

Дар солҳои 60 – уми асри ХХ гулдӯзиҳои бо мошинаи чокдӯзӣ дӯхташуда машҳур гардиданд. Ҳунармандон тоқиҳои чаҳоркунҷа ва росткунҷа дӯхта, дар марказаш гулдӯзӣ мекарданд. Тоқиҳо бо намудҳо ва тарзҳои «қайма», «босма», «кандахайёл» ва «йӯрма» дӯхта мешуданд. Асосан ҳунармандон барои кашидадӯзӣ 7 – 8 намуди ресмонҳои рангаро истифода мебурданд.

Минбаъд, аз солҳои 70 – уми асри ХХ тоқиҳои чаҳоркунҷаи сафеди дурахшон аз матои парча бо нақшу нигори гулҳои сурх гулдӯзӣ карда шуда машҳур гардид. Дар давраҳои гузашта чунин намуди тоқиҳои парча вуҷуд дошт, лекин нақшу нигор надошт.

Дар асрҳои ХIХ-ХХ дар шаҳри Хуҷанд тоқиҳои гуногун ба монанди «чоргула», «чаман ба гул», «ироқӣ», «зардӯзӣ», «йӯрма», «пӯпакдор», «сабз», «духоб» вуҷуд доштанд. Дар ин давра тоқиҳои намуди нӯгтез ва гирдогирди он тасмаи васеъ дошта пайдо ва паҳн шуданд, ки чунин намуди тоқиҳоро мардон аз таги салла мепӯшиданд.

Гулдӯзиҳои тоқиҳо яке аз санъатҳои хеле нозук буда, аз маҳорату нақшофарӣ ва нигори хаёлии ҳунарманд вобастагӣ дорад.

То ҳол намудҳои гуногуни санъати гулдӯзии тоқиҳо боқӣ мондаанд ва баъзеи онҳо, масалан, риштаҳои зарҳалин ҳатто боз аз нав эҳё гардидаанд. Ҳунармандон ҳамоно бо риштаҳои зарҳалин тоқиҳоро бо намуди гуногун оро медиҳанд. Бештар ҳунармандон тоқиҳоро аз матои махмалин тайёр карда, ба он дӯхтани нақшу нигори товусро расм намуданд.

Дар маъхази осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 50 намуди тоқӣ мавҷуд аст, ки бештари ин тоқиҳо маҳсули дастони ҳунарманди машҳури хуҷандӣ Қутфиниссо Рофиева мебошад. Қутфинисо Рофиева дар тоқиҳои худ зиёда аз 200 навъи гулу шохи дарахтро истифода бурдаанд. Бештари номи тоқиҳо аз рӯи нақши гулдӯзишуда гирифта шудааст, ки маъмултарини онҳо «аноргул», «барги бед», «бодомча», «лола», «себарга», «баҳор», «булбул», «кабӯтар», «моҳу ситора», «чоргула» ва ғайра буда, нақшҳо ба ном мувофиқат мекунанд.

Ҳунарманди варзида, тоқидӯз Қутфинисо Рофиева шогирдони зиёд тайёр кардаанд, ки онҳо имрӯз низ услуб ва ҳунари тоқидӯзии устодашонро давом дода истодаанд.

Ҳунарҳои миллӣ, расму оин, суннатҳои тоҷикон дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун арзишҳои миллӣ ва тоҷикӣ аз нав эҳё гардидаанд, ки имрӯзҳо миллати мо онҳоро чун ифтихор ва ҳувияти миллӣ эҳтирому арҷгузорӣ менамоянд. Мисоли он дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ: гулдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, гилембофӣ, тоқидӯзӣ, дар бар доштани сару либоси миллӣ, ки намунаи онро имрӯзҳо бисёр дучор шудан мумкин аст.

М. ХоҶаева, мудири шъбаи таърихи давраи
муосири Осорхонаи таърихии
Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...