(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар меҳмонии ректорДар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи ҷадиди «Дар меҳмонии ректор» чорабинии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 120 нафар донишҷўёни фаъолу боистеъдоди мактабҳои олии кишвар – аз вилоятҳои худмухтори Бадахшон, Хатлон, Кулоб, Суғд, шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ бо иштироки донишҷўёни кишвар бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ гузаронида шуда, бо барномаи ҷолиби адабию фарҳангӣ мураттаб гардид, ки писанди хотири иштирокчиён гашт.

Дар саҳни Донишкадаи иқтисод ва савдо бо садои карнаю сурнай иштирокчиёни чорабинии «Дар меҳмонии ректор» истиқбол гирифта шуданд ва онҳо аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷўён ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.

Сипас дар толори бошукўҳи донишкада конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илми иқтисод, Рауф Олимӣ оғоз гардид ва мавсуф меҳмонон ва аҳли нишастро самимона хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбиҳо таманно кард. Дар ҳузури иштирокчиёни конфронс намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарипова Маҳинабону Ҷовидовна суханронӣ карда, дар сатҳи баланд баргузории конфронси мазкурро натиҷаи фаъолияти пурсамари раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишкада арзёбӣ кард. Дар конфронси ҷумҳуриявӣ номзади илмҳои биологӣ М. Дониёрова дар мавзуи «Об барои рушди устувор», доктори илмҳои иқтисод, профессор А. Азимов перомуни «Нақши об дар рушди иқтисоди миллӣ» маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Бо забони англисӣ устодони донишкада Д. Мирпочоев ва С. Мухторов дар бораи нақши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти об ва дастрасии ин неъмати бебаҳои табиат ба сокинони сайёра изҳори андеша намуданд.

Баъдан бо иштироки директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ва иштирокчиёни чорабинӣ мулоқоти судманду хотирмон баргузор гардид. Директори донишкада дар бораи нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва бояд бо донишу маданияти баланд касбу ҳунар омўхта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Меҳмонони чорабинӣ ба осорхона ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, аз хонаи Камол дидан карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кохи «Суғдиён» барномаи фарҳангии дастаи «Ҳаҷвнигорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Барои меҳмонон аз ҷониби донишҷўёни ДИС ДДТТ барномаи фарҳангию фароғатии «Шоми ҷавонӣ» намоиш дода шуд, ки мақбули хотири иштирокчиён гардид. Бо ҳамин чорабинии ҷумҳуриявии «Дар меҳмонии ректор» бо таассуроти неку хотирмон ба анҷом расид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...