(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Никоҳи хешутаборӣ ба пошхурии оила оварда мерасонадБеш аз як сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ никоҳи хешу табори наздик манъ гардида, гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба арӯсшавандаю домодшаванда ҳатмӣ эълон шудааст. Ин ҳам яке аз иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, барои пешгирӣ намудани оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди кӯдакони нуқсондору маъюб роҳандозӣ гардидааст.

Аз ин иқдом шаҳрвандони ҷумҳурӣ, минҷумла сокинони шаҳри Хуҷанд ҳам изҳори хушнудӣ намуданд, зеро ҳам тавлиди кӯдакони нуқсондор дар ҷамъият ба дараҷае кам мешавад ва ҳам муносибати неки хоҳаронаву додарона байни бародару хоҳари ҳамхун нигоҳ дошта мешавад. Мо ҳама шоҳиди он ҳодисаҳое шудаем, ки дар сурати нобарор шудани никоҳи духтару писари аз нигоҳи хешовандӣ наздик муносибати хоҳару додарони қудогашта вайрону авлод аз ҳам ҷудо мешавад.

Аммо ҳастанд нафароне, ки барои аз байн набурдани авлод ва ё бо бегонагон қудо нагаштан ҳоло ҳам мехоҳанд хоҳарзода ва ё бародарзодаи худро келин ва ё домод кунанд. Ба ин қабил нафарон ҳам кормандони хонаҳои ақди никоҳ ва ҳам кормандони муассисаҳои тиббӣ сӯҳбат гузаронида, онҳоро аз ин иқдом мегардонанд.

Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Муқаддам {ошимзода ҳини сӯҳбат иброз намуд, ки бархе аз шаҳрвандон бе қайди никоҳи давлатӣ зиндагии худро оғоз мекунанд ва дар мавриди тавлиди фарзанд падарон шахсияти худро барқарор мекунанд ва фарзанди тавлидгашта ба номи падар сабт мегардад. Дар ин ҳолат кӯдак аз тамоми имтиёзҳо бархурдор мегардад, вале модари ӯ, ки қайди давлатии никоҳ бо падараш надорад, ҳамчун модари танҳо қайд мегардад ва ҳуқуқи давлатии худро надорад. Аз ин рӯ, барои барқарор кардани ҳуқуқҳои зану шавҳарӣ бояд шаҳрвандон аз никоҳи давлатӣ гузаранд. Сабт намудани никоҳи давлатии хешу табори наздик аз ҷониби шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ манъ аст, вале ҳолатҳое ҳам рух додаанд, ки кормандон бо беэътиноӣ ҳуҷҷатҳои даркориро сарфи назар намуда, аризаи никоҳшавандагонро қабул намудаанд.

– Ин гуна ҳолат танҳо як маротиба ба қайд гирифта шуда, нисбати он корманд ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид, – гуфт Муқаддам {ошимзода.

Сарвари Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷазода роҷеъ ба масъалаи мазкур иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 1 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ байни хешовандони наздик, аз ҷумла, издивоҷи фарзандони хоҳарону бародарон ба таври расмӣ манъ гардид. Акнун писари хола наметавонад бо духтари холааш ва ё духтари тағо наметавонад бо писари аммааш ақди никоҳ баста, оила бунёд кунад, зеро аз ин никоҳ таваллуд шудани фарзандони ноқис ва ё маъюб бештар ба назар мерасад.

– Ба моддаи 14-уми Кодекси оила тағйирот ворид шуд, ки он дар хусуси ҳолатҳои манъи ақди никоҳ мебошад. Дар ин боб оид ба омилҳое, ки сабаби набастани ақди никоҳ мешаванд, гуфта шудааст. Аз ҷумла, ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигар қарор дошта бошад, инчунин байни бародару хоҳари айнӣ ва ӯгай, фарзандхонда ва фарзандхондшуда, онҳоеро, ки бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлӣ (ноқисулақлиаш), бо сабаби сӯйистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор мақо-моти судӣ дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, манъ шудааст. Ба ин боб илова ворид гардидааст, ки он оид ба манъ будани никоҳи хешони наздик, аз қабили холабачаву аммабача, тағобачаву амакбача, издивоҷи амаку тағо бо ҷиян ва ё холаву амма бо ҷиян гуфта шудааст, – иброз дошт Хуршеда Хоҷазода.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» низ як қатор тағйирот ворид гаштааст, ки дар он аз ҷумла оид ба масъалаҳои зерин сухан рафтааст. Мутобиқи тағйироти моддаи 35-уми қонуни мазкур бояд шахсони издивоҷкунанда аз муоинаи ҳатмии духтурон гузаронида шаванд. То ин дам аз муоинаи духтур гузаштани арӯсу домод ба таври ихтиёрӣ сурат мегирифт. {оло ҳар як духтару писаре, ки барои бунёд намудани оила ба Хонаи ақди никоҳ ариза пешниҳод мекунад, ба таври ҳатмӣ аз муоинаи духтурон мегузарад. Чун суоле аз ин ҷо бармеояд, ки никоҳшавандагон дар кадом марҳилаи маросимҳои тӯй аз муоина мегузаранд ва онҳо аз кадом духтур бояд маълумотнома пешниҳод кунанд? Вобаста ба саволҳои зикргашта, сарҳамшираи Маркази саломатии №4-уми шаҳри Хуҷанд Равшаной Раҷабова посух дод, ки мувофиқи моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» шурӯъ аз 23 августи соли 2016 аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавандагон ба таври ҳатмӣ сурат мегирад. Тартиби гузаштан аз муоинаи ҳатмии тиббиро Равшаной Раҷабова шарҳ дод, ки ин шаҳрвандони издивоҷкунанда бояд тибқи тақсимоти минтақа, яъне дар асоси ҷойи истиқомат дар маркази саломатӣ гузаранд.

– Агар домоду арӯс аз ду минтақаи шаҳр бошанд, ҳар яке аз ҷои истиқомати худ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, – гуфт Равшаной Раҷабова, - маркази саломатии мо ба 46700 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад ва давоми соли равон ба мо 85 нафар издивоҷкунанда барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ муроҷиат намуд.

Аз ин шахсон шиноснома бо ҷои сабти истиқомат талаб карда мешавад. Онҳо ба номи сардухтур ариза навишта, барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ омода мегарданд. Шахси никоҳшавандаро ба 4 намуди муоина мефиристанд. Онҳоро барои гирифтани акси шуш, яъне флюорография, ташхиси зардпарвин, надоштани вирусҳои масунияти одам, яъне ВИЧ/СПИД ва ташхиси бемориҳои пӯсту таносул равон мекунанд ва онҳо баъди гузаштани ташхис нусхаи варақаи тиббии шакли 024-ро меоранд. Дар ҳолати пайдо шудани ягон намуди беморӣ шахси бемор ба мутахассисони соҳа барои табобат фиристода мешавад.

– Аз 85 нафари муроҷиаткарда 5 нафар бемор дарёфт карда шуд, – иброз медорад Равшаной Раҷабова, - инҳо шахсони узви сомеаву босираашон суст, ҷоғару маъюби гурӯҳи дуюм буданд. Соли 2017 бошад, ҳамагӣ 605 нафар муроҷиат карда буданд, ки аз ин шумор 27 нафар бемор буд. Аз бемориҳои дарёфтшуда 15 нафар зардпарвин (6 нафар зардпарвини шакли В ва 9 нафар шакли С), 10 нафар бемориҳои умумӣ, ду нафар ҳомиладор буданд. {астанд шахсоне, ки аз барпо кардани тӯй даст кашиданд ва буданд инсонҳое, ки пас аз муолиҷа тӯй барпо намуданд.

Шаҳрвандон бояд донанд, ки гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ ба таври ройгон сурат гирифта, он танҳо ба хотири бохабар кардани издивоҷкунандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар аст. Қонун бастани никоҳро бо шахсони бемор манъ намекунад ва шахсони бемор ҳуқуқи ба никоҳ даромаданро доранд. Танҳо дар сурати муайян кардани ягон намуди беморие, ки метавонад ба насли оянда таъсири манфӣ расонида, ӯро маъюб созад, аз ҷониби мутахассисони тиб ба никоҳшавандагон маслиҳат дода мешавад.

Дар хусуси муайян намудани робитаи хешии издивоҷ-кунандагон Хуршеда Хоҷазода изҳор кард, ки дар вақти қабули ариза аз ҷониби арӯсу домод шаҳодатномаи таваллуди онҳо низ аз назар гузаронида мешавад. Зеро дар сурати хешовандони наздик будани онҳо аз сабти ном ва насаби падару модар дар шаҳодатномаи таваллуд метавон муқаррар намуд. Аммо дар ҳоли ҳозир бештар ба изҳори худи никоҳшавандагон такя намуда, ақди никоҳашон қонунӣ гардонда мешавад. Пас аз қабули тағйиру иловаҳои моддаҳои Кодекси оила ҳанӯз ягон нафар аз шахсони никоҳшаванда изҳор накард, ки хешовандони наздик мебошанд. Дар сурати бардурӯғ пешниҳод кардани маълумот ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба хубӣ медонад, ки ба ҷавобгарӣ кашида шуда, назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд вобаста ба масъалаи мазкур бо сокинони чандин маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ гузаронида, моҳияти ин қонунро ба онҳо фаҳмонданд, ҳамчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ низ бо донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии мактаб оид ба манъ шудани никоҳи хешутаборӣ гуфтугузор карда, тариқи радиову телевизион масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Мавзуна Нозимӣ
шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...