(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Биё, эй Ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем!Ватанпарастӣ арзиши муқаддас буда, дар он мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин ифода меёбад. Ватан маъвои ҳар шаҳрванди бо нангу номуси миллат маҳсуб ёфта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он вазифаи муқаддас ва бошарафи ҳар ҷавонмард мебошад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва ба тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад». Ҳамзамон, дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ватанро бояд вазифаи муқаддастарини худ ҳисобад, ба хизмати ватан омода бошад, бо амри виҷдон, бо хоҳиши худ барои муҳофизати марзу буми кишвари худ камари ҳиммат бандад, барои баланд бардоштани иқтидори мудофиавии ватан ҳисса гузорад. Аслан, ҷавонмардони тоҷик аз азал ҷасуру нотарс буда, дар лаҳзаҳои зарурӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар корнамоиҳо нишон додаанд ва ҳаргиз ҷони худро дар ин роҳ дареғ надоштаанд. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, номи садҳо нафар мардони шуҷоъро вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо бо диловариву ҷасорат ва матонату шуҷоати худ аҳли башарро ба ҳайрат гузоштаанд.

Ҷавонписарони даврони соҳибистиқлол ҳам аз хурдсолӣ дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбанд, аввал дар муҳити оила, сипас, дар боғчаю муассисаи таълимӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омода карда мешаванд. Ҳамзамон, ҳини таҳсил дар мактаби миёна ва омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ хонандагон аз устоди хеш оид ба қисмҳои ас-лиҳа, истифодаи либоси махсуси зидди моддаҳои кимиёвӣ, кори ҳамшираҳои тиб, чӣ гуна рафтор кар-дан ҳангоми ҳолати эвокуатсионӣ маълумот пайдо менамоянд. Дар синфҳои даҳу ёздаҳ рӯзҳои дарҳои кушод ба қисмҳои ҳарбии маҳали зисти худ рафта, бо шароит ва фаъолияти афсарону аскарон аз наздик шинос мешаванд. Бо ин васила ҳисси ватандӯстии хонандагон бештар мегардад. Хушбахтона, солҳои охир дар байни ҷавонписарон сафи онҳое, ки бо хоҳиши худ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мераванд, торафт меафзояд.

Ватандӯстӣ яке аз хислатҳои анъанавии миллати тоҷик буда, ҳамасола баробари нашр гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони мақомотҳои маҳаллӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷавонписароне ёфт мешавад, ки бо хоҳиши худ ихтиёран ба ҳифзи Модар – Ватан мераванд.

Соли равон низ баробари ба имзо расидани қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 20 марти соли 2018-ум, таҳти №160 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991–2000 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел – майи соли 2018» шахсони масъ-ули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо комиссариати ҳарбии шаҳр, шахсони мансабдори корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, КД «Истифодабарии манзил»-и соҳили рост ва чап, кумитаи маҳаллаҳо ва Шӯрои кор бо ҷавонон дар маҳалҳо ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ пардохтанд. Бо волидайни ҷавонони синни даъватӣ сӯҳбат ороста, оид ба сари вақт ҳозиршавии фарзандонашон ба комиссияи ҳарбӣ хабар доданд. Ҳамзамон, бо ҷавонписарон вохӯрӣ доир намуда, дар мавзӯи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дӯстдории диёри маҳбуб сухан карданд. Хостанд бо ин амали хеш барои сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ саҳм гузоранд.

– Ҷиҳати босифат ва саривақт иҷро намудани нақшаи баҳоронаи соли 2018-ум ба сафи Артиши миллӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар Мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар ва бо маблағгузории Мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 12 нафар ҷавонписар таҳсил дорад, ки баробари соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гаштан, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Ҳамзамон, дар кумитаи маҳаллаҳо аз ҷониби раисон, Шӯрои кор бо ҷавонони маҳаллаҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ бо ҷавононе, ки бидуни таҳсил дар Мактаби муттаҳидаи техникии ТҶММ-и шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанро доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва дар натиҷа беш аз 40 нафар ихтиёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро номнавишт кард, – иттилоъ дод узви комиссияи шаҳрӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои шаҳр Муродҷон Раҷабов.

Дар самти сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кумитаи маҳаллаҳои «Чорчароғ», «Тиллокон», «Мевағул», «Сайҳун» ва «Сирдарё» пешсаф мебошанд.

Бигзор ҷавонписарони кишвар бо ҳисси масъулияти бузурги ватандӯстӣ амал намуда, сафи ихтиёриён ба сафи Артиши миллӣ афзоянд.

Монаднисои ҚУРБОН,
рӯзноманигор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...