(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Терроризм ва экстремизм аз овони пайдошавиаш бо мақсаду вазифаи худ, бо воситаҳои мубориза ва даъвоҳои ғоявиаш барои инсоният хавфу таҳдиди ҷиддии иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аз ин лиҳоз, мутахассисон ба маънои умум ба терроризм чунин баҳо додаанд: «Терроризм - бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар ҷомеа бесуботиро ба вуҷуд овардан ва барои дар байни қишрҳои васеи аҳолӣ ваҳму ҳарос ангехтан, зӯровариро истифода бурдан, ё ки бо истифодаи зӯроварӣ аҳолиро тарсонидан аст».

Имрӯзҳо терроризму экстремизми динӣ намудҳои нав ба навро касб намуда, мутаассифона, аз лиҳози миқдору сифат афзоиш ёфта истодааст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки солҳои охир дар минтақаи Авроосиёву Африқо болоравии амалҳои ифротгароии динӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ мушоҳида мегарданд.

Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ, ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногун содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд. Санаи 18 сентябри соли 2010 амали террористӣ дар бинои Раёсати минтақавии ВКД ҶТ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Хуҷанд, 19 сентябри соли 2010 ҳамлаи террористон ба корвони автомашинаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 23 июли соли 2012 амали террористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кушта шудани генерали Раёсати амнияти давлатӣ, санаи 4-5 сентябри соли 2015 содир шудани амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби гурӯҳи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва амсоли онҳо ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварданд. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо ҳар васила мехоҳанд, вазъи кишварро ноором созанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсӣ хавфи терроризм ва ифротгароии диниро барои амну суботи миллату давлат эҳсос намуда, муборизаро алайҳи ин амалҳои номатлуб ҳамчун самти устувори сиёсати давлатӣ маънидод намуд, ва баҳри ҳимояи манфиатҳои милливу таъмини амнияти миллӣ пайгирона фаъолият мебаранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳоеро ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозанд, эътироф намуда, ба имзо расонидааст. Тоҷикистон барои саривақт дар амал татбиқ шудани санадҳои ҳуқуқӣ чораҳои қатъӣ меандешад. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар моҳи ноябри соли 1999 парлумони кишвар Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин барномаи махсус «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» таҳия ва  қабул карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии хешро, чун дигар давлатҳои мутамаддин, бо қатъият ҳимоя мекунад ва бар зидди он падидаҳое, ки ба манфиати милливу давлатӣ таҳдид мекунанд, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза мебарад ва дар ин самт мавқеи муносибро ишғол менамояд. Сарвари давлатамон аз минбарҳои баланди анҷуманҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ доир ба афзоиш ёфтани терроризми байналхалқӣ, хавфи он барои амнияти давлатҳо, ба ҷинояти трансмиллӣ табдил ёфтани он ҳарф зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи қатъӣ даъват мекунанд.

Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт саъю талош намуда, корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Имрӯзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавфноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунанд. Гурӯҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии ӯзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ҳаракати толибон» ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурӯҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.

Экстремизм дар кадом шакле намоён нагардад, асоси онро андешаву тафаккури носолим ташкил медиҳад. Тафаккури носолим дар заминаи таъсири шахсиятпарастӣ, худбинӣ, бегонашавии иҷтимоӣ дар феълу атвори инсон ба вуҷуд меояд. Экстремизм, ифротгароӣ дар натиҷаи дарку эҳсос ва баҳодиҳии нодурусти воқеаву ҳодисаҳои ҷамъият ташаккул меёбад. Вайрон шудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, риоя нагардидани қонун, қоида ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ, авҷ гирифтани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, шиносбозӣ, амалҳои коррупсионӣ ва амсоли онҳо боиси пайдо шудани ғояҳои вайронкор, заиф гаштани асосҳои ҳокимият мегардад ва оқибат ҳаракатҳои экстремистиро ба вуҷуд меорад.

Аз ин бармеояд, ки экстремизм дар кадом шакл зуҳур накунад, он маҳсули муҳити носолим ва муносибатҳои носолими иҷтимоӣ мебошад. Агар дар бораи ДИИШ сухан ронем, аз рӯзи таъсисёбиаш он якчанд маротиба номашро иваз намуд. Сарвари он Абӯбакри Бағдодӣ (номи аслиаш Саид Иброҳим Аввад Бадрӣ) худро «халифа» эълон намуда, ин ташкилотро «Давлати исломӣ» ном гузошт. Мақсади аслии ин ташкилот ҳимояи ислом набуда, мубориза алайҳи мақсадҳои поки дину этиқоди исломӣ мебошад. Дар натиҷаи мушоҳидаи фаъолияти ДИИШ ва дигар созмонҳои экстремистӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи мафҳумҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат», «халифа» ва ғайра пайдо мешаванд.

Тарафдорони гурӯҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ, андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва мушаххасан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарӯза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кӯдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкӯб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрӯз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом, ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кӯҳнаи ба қаъри таърих фурӯрафтаро эҳё намудан аст.

Мутаассифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.

Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин қабил амалҳои номатлуб гирифта шавад? Терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дин, миллат, ватан надорад. Дар замони муосир алайҳи терроризму экстремизм муборизаи маънавӣ, мафкуравӣ ва ғоявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дарки моҳияти муборизаи ғоявӣ мо бояд аз таълимоту ақида, фалсафаву ҳуқуқшиносӣ, фарҳангу ахлоқи исломӣ бархурдор бошем. Дар фаҳмонидани моҳияти онҳо бояд олимони ҷомеашинос (муаррихон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон), рӯзноманигорон - таҳлилгарони сиёсӣ пешсаф бошанд.

Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи парастиши арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, аз ҷумла олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кӯр - кӯрона аз ҳар гуна мазхабу гурӯҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ӯ, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрӯз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.

Ҳотамжон  Фаттоев, мудири кафедраи таърих

ва ҷомеашиносии коллеҷи омӯзгории ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...