(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Терроризм аз оғози асри нав, аниқтараш аз 11сентябри соли 2001 муборизаи фаъол ва кушодаи худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода, таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил эълон дошт. Маҳз аз ҳамин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти асри худ дар танҳоӣ мубориза бурдан судбахш набуда, баръакс барои пешгирӣ, бартараф ва решакан намудани  ин вабои аср муборизаҳои қатъии дастаҷамъона бояд оғоз намуд. Дар ҳақиқат ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар қатори он Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти аср омодабошии ҳаматарафаи эълон дошта буд.

Ҳанӯз дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 04. 2002 иброз намуда буданд, ки: «Дар баробари сар шудани муборизаи пурвусъат ба муқобили терроризми байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ошкоро эълон намуд ва барои амалиёти муваффақиятнок ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон аз ҷониби худ тамоми чораҳои имконпазирро андешид.

…роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод,  то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ,  экстремизм ва на маркази қочоқи маводи мухаддир,  балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад.  Ҳамчунин,  бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кӯмаку дастгирии худро дареғ надорем».

Инак, 16 сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва экстремизм муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи қувва терроризм ва экстремизм натанҳо несту нобуд карда нашуд, балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби чунин пешравии ин гурӯҳҳо:  муборизаи нокофии дастаҷамъонаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикии бархе аз давлатҳо ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ  оварда расонид.

Яъне бетарафӣ, нофаҳмиҳо байни давлатҳо сабаби дар дохили давлатҳои мустақил (Сурия, Ироқ,) пайдо шудани давлати нави террористию экстремистӣ гашт.

Баромади навбатии сарони давлатҳои аъзои СММ, ки санаи 27 сентябри соли 2015 шуда гузашт ва пешниҳоди президенти Русия В. Путин оиди дар чаҳорчӯбаи Оинномаи СММ ва дастаҷамъона муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, ки давлати худро ташкил додаанд, ташкил намудан ва то ба имрӯз ба ягон хулосаи аниқ наомадани ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки то ҳол бархӯрди манфиатҳои геополитикии давлатҳо вуҷуд дорад.

Кишвари мо, ки соҳибистиқлолии худ бо ин гурӯҳҳои ифротгаро рӯбарӯ шуда буд, оқибатҳои онро хуб дарк намуда, аз рӯзҳои аввали эълони мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамаҷониба онро дастгири намуда, дар мубориза омодабошии худро изҳор намуда, то ба имрӯз бар зидди ин зуҳурот дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона муборизаи беамон бурда истодааст.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 04. 2002 оиди ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Аз тарафи Федератсияи Руссия бо дархости давлати Сурия он минтақаҳое, ки ин гурӯҳҳои ифротгаро ғайриқонунӣ зери тасарруфи худ қарор додаанд, тавассути тайёраҳои ҳарбии ҳавоӣ мушакборон карда шуда истодаанд. Гурӯҳҳои террористӣ талафоти калони ҷонӣ ва моддию техникӣ дода истодаанд. Мушакборон давом доранд ва аллакай ин гурӯҳҳо норасоии ҷанговарони навро, ки барои ба ном Давлати Исломӣ бояд ҷанг намоянд, ҳис намуда, онҳоро ҷустуҷӯ доранд. Дар баробари ин дигар раванд низ ба чашм мерасад, яъне дар натиҷаи давом додани амалиёти ҳарбии ҳавоии Федератсияи Руссия ва ба  пеш ҳуҷум намудани артиши давлатии Сурия ин гурӯҳҳои террористӣ маҷбур мешаванд, ки аз он ҷо гурезанд ва барои худ ҷои нав пайдо намоянд. Ва мо медонем, ки яке аз ин давлатҳое, ки онҳо мехоҳанд панаҳ баранд, дар ҳудуди он Афғонистон мебошад. Бо вуҷуди он ки давлати Афғонистон бар зидди ин гурӯҳҳо мубориза бурда истодааст, ин яке аз давлатҳое мебошад, ки террористон мехоҳанд,  дар онҷо панаҳ баранд ва қувваи худро барқарор намуда муборизаашонро давом диҳанд.

Маҳз чунин вазъиятро ба инобат гирифта дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (09.06.2017) Президенти Федератсияи Руссия В.Путин иброз намуд, ки бояд фаъолияти ташкилоти зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай васеъ карда шавад.

Чунки баъди аъзо шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҳиндустон мавқеи ин созмон аз бисёр ҷиҳат тағйир ёфт. Бинобар ин ташкил намудани ташкилотҳои зиддитеррористӣ дар дохили давлатҳои аъзо хело бомаврид мебошад.

Ҷои қайд аст, ки ин созмон аз лиҳози геополитикӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, аҳолӣ, ҳудуд куллан тағйир ёфт, ки на ба манфиати бархе аз  давлатҳои абарқудрат мебошад. Аз ин лиҳоз онҳо ҷойҳои осеппазири ин созмонро кофта мекӯшанд, ки барои рушди он монеаҳо эҷод намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид карданд, ки: давоми соли сипаришуда бо талошҳои муштарак як қатор тадбирҳо ба хотири таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ амалӣ гардид.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик, нуфузи гурӯҳҳои террористӣ, афзоиши хатарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҷонноку самаранок кардани фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҷалб намуданд.

Барои пешгирӣ ва муборизаи муштарак бар зидди гардиши маводи мухаддир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дастгирӣ карда шавад.

Дар ҳақиқат маблағи маводи мухаддир ба террористон фоида калон меорад. Дар сурати пурзӯр намудани мубориза бо фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба буҷаи террористон зарбаи таъсирбахш зада мешавад.

Баъди аъзо шудани Ҳиндустон ва Покистон шумораи давлатҳои манфиатдори сулҳу субот дар Афғонистон афзуда, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бояд пурзӯр карда шавад.

Дар баробари ин мо ки бо ин давлат сарҳади тӯлонӣ дорем, бояд ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро майл пайдо накунем. Чунки он далатҳое, ки зиракии сиёсиро аз даст додаанд, дар кадом вазъият имрӯз қарор доранд, ба мо хуб маълум аст ва ҷои ёдовар шудан нест.

Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тарақикарда ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин масъулияти бузург, пеш аз ҳама, бар дӯши мо - ҷавонон мебошад. Мо бояд сабру таҳаммулро  пеша намуда, барои  расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек кор кунем, то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд.

Ҳотамҷон Фаттоев,  мудири кафедраи таърих

ва ҷомеашиносии коллеҷи омӯзгории ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...