(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти аҳли ҷомеаи омӯзгорону толибилмони Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии Мактаби Рустаов Ю. Д.-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Инсон беҳтарин хубон дар рӯи замин аст, зеро ки ӯ қиматтарин неъмат – ақл , сухан ва одобро соҳиб аст. Аз ин рӯ, сухани инсон бо мақсад ва амали ӯ бояд ҳамранг бошад.

Камоли Хуҷандӣ фармудааст:

Илму тақвӣ сар ба сар даъвист,маъно дигар аст,

Марди маънӣ дигару майдони даъво дигар аст.

Оре басо мардони ҳақиқӣ дар корзори зиндагӣ илму сухани худро дар амал нишон дода ,барои Ватан, барои халқи азизашон ҷонфидоӣ намудаанд.

Аммо ҳастанд бархе аз мардум, ки байрақи исломро бардошта , аз номи он чандин корҳои нопокро барои манфиати хеш истифода мебаранд ва ба номи поки ислом иснод меоваранд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе ,

Ҳар айб ,ки ҳаст , дар мусулмонии мост.

Яке аз ҳамин гурӯҳҳо аъзоёни ҲНИТ буданд , ки фатвоҳои нодуруст дода , қатлу хунрезиҳо карданд ва фазои ороми Тоҷикистонро   якчанд  муддат тираю бо пардаи сиёҳи ниятҳои нопоки худ пӯшида гардониданд.

Ҳанӯз,  ҲНИТ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1978 дар совхози « Туркманистон» -и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд . Созмони экстремистии « Ихвон – ал – муслимин» , яъне «Бародарони мусулмон» ба таври махфӣ амал мекард. Аз 26 октябри  соли 1991 баъди ба таври расмӣ гузаронидани Анҷумани муассисони ҳизб аъзоёни ҲНИТ ошкоро ба фаъолияти худ оғоз карданд.

Аъзоёни Ҳизби наҳзат, ки даъвои тарафдори ислом буданро мекарданд ва аз номи дин сухан меронданд, ба ғайр аз ба даст гирифтани ҳокимият ва сохиб шудан ба мансабҳои боло дигар мақсаде надоштанд. Дар асл ин шахсиятҳо сухан аз номи ислом ва муқаддас будани Қуръон мекунанд, вале ин суханронихо, ин ташвиқоту таблиғоти онҳо барои ноил шудан ба мақсади нопоки худашон аст. Зеро ки аҳли ислом қотил нестанд. Аммо ин бехирадон агар заррае инсоф медоштанд, ба хуни ҳазорҳо мардуми тоҷик зомин намешуданд. Солҳои 90-ум чӣ қадарҳо мардумро ба фитнаи худ гирифтор карда, онҳоро бехонаву ҷо, нокому бадбахт, қашшоқу гуруснаву дарбадар гардониданд.Соли 1990 аъзоёни ҳизб аз бесарусомониҳои кишвар истифода бурда, як китобхонаи калоне, ки дар кӯчаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб воқеъ буд, аз они худ карданд.Ва барои ба роҳ мондани мақсадҳои нопоки худ ба гирду атроф шохаҳои худро равона карданд.

Соли 1992 , ки ҷангҳои дохили кишвар фазои Тоҷикистонро тира карда буд, аъзоёни ҲНИТ чӣ қадар рафторҳои ваҳшиёнаро нисбати ҳамватанони худ раво диданд. Аз сабаби мақсадҳои ғаразноки аъзоёни ҲНИТ ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвасту

ҳазорон мардум куштаву ҳазорон одамон гуреза гаштанд. Инчунин, сардорони ин ҷанг, роҳбарони ин ҳизб рӯ ба фирор ниҳоданду ҷони худро аз балоҳои ба миён овардаашон халос намуданд.

Аз он рӯзе, ки ин ҳизб ташкил ёфт , дар тараққиёту пешрафти Тоҷикистони азизамон ягон саъю кӯшиш накардааст ва масъулияте ҳис накардааст. Танҳо барои манфиатҳои худ ва сармоягузор шуданаш аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил намуда, ба онҳо ваъдаҳои бардурӯғ медод. Бинобар ин, вуҷуд доштани ин ҳизб барои пешравии давлати мо умуман даркор набуд. Аз ин лиҳоз,бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон , тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ – ро бамаврид мешуморем.

Аслан дини ислом  на ба ҳизб ва на ба дигар равияҳои тундрав ниёз надорад. Зеро ки ҳизб байни худи мусулмонон тафриқа меандозад.Тамоми машҳуртарин аҳли ислом низ  онро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ, манбаи идеологияи ваҳҳобӣ меҳисобиданд. Хуллас , мақсади асосии ин ҳизб тафриқаандозӣ, нотинҷӣ ва парокандагӣ буд.

Дар таърихи     29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ – ро ҳамчун ташкилоти  ифротгароӣ эътироф намуда,фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд.

Вақти он расидааст, ки барои якпорчагии ин диёри азиз , барои нигоҳ доштани ваҳдати миллати сарбаланд ва оромиву осоиштагии Тоҷикистони азиз ҳама  ҳамдилу ҳамфикру ҳаммаром бошем.

Бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, мардумро аз таъсири вабои аср ,ки зуҳуроти терроризм ва экстремизм аст, эмин нигоҳ дорем.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар  зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол амал мекунад ва пешниҳодҳояш арзёбӣ шуда истодааст.

Шодравон муассиси аввалини МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д.» - устод Рустамов Юлдошбой Домуллоевич гуфта буданд: «Саодат ва маънии зиндагӣ он аст, ки сарҷамъ бошеду пароканда нашавед. Ба қадри якдигар раседу ба некӣ ёд кунед. Шодишарик ва марҳами дарду ғамҳои якдигар бошед.»

Оре, ҳақ ба ҷониби устод. Гӯё суханони он кас ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст.Зеро,саодати зиндагӣ, хушбахтии инсонҳо , оромии кишвар дар он аст ,ки  мо ҳама якдилу якрӯ , аҳлу тифоқ ва дастгири якдигар бошем , то зиндагиамон ободу осуда ва кишварамон гул – гулшукуфон бошад.

Омӯзгорон ва хонандагони МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д.» доимо ғамхории Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  баҳри тинҷию оромии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқи тоҷик эҳсос намуда, дар саъю талош ҳастанд ,ки қуллаҳои нави илму фарҳангро фатҳ намуда , барои ободии Ватан, ваҳдати миллӣ ва саодати халқи  тоҷик саҳми босазо гузоранд.

Ҷомеаи омӯзгории
МТҒ «Мактаби Рустамов Ю.Д.»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...