(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.

Бонувони шаҳри Панҷакент дар пухтани намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулча, фатиру қалама ва самбӯса шуҳрат доранд. Пухтани суманак ва сурудхонии гурӯҳи фолклорӣ аз ҳисоби занон дар доираи иҷрои суннатҳои Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дастурхони ҳафтсину ҳафтшин омода гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд.

Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гачкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.

Либосҳои миллиро духтарони атласу адраспӯш муарифӣ карданд, ки ҳар нақшу нигори он бозгӯи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷиканд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти адрасбофон таъкид  шуд, ки давоми солҳои охир ин ҳунари ниёгон аз нав эҳё шуда, чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хосса  пайдо намуд ва имрӯз чун намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд.

Оро ёфтани утоқҳо бо ҳунари зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ завқи зебоипарастии занони ҳунарманди шаҳри Панҷакентро бозгӯй менамояд. Дар осори пешниҳодкардаи ҳунармандон табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо дар чӯб, санг, гаҷ, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати  вижа  ифода ёфта буд.

Аз таъсиси коргоҳу корхонаҳои қолинбофӣ дар ҳудуди вилояти Суғд садҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин ва дар самти қонеъсозии талабот бо маҳсулоти ватанӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва муқаррар гардидани имтиёзу озод шудани фурӯши маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти андоз аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат таъкид намуданд, ки «Бо дарназардошти аҳаммияти қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5 ҳазору 500 солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.»

Дар гӯшаи армуғонҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро баҳри ҳарчи бештар воридсозии тахаюли эҷодӣ дар туҳфаҳо ҷалб намуданд. Армуғонҳои миллӣ бо истифода аз сангҳои қимматбаҳои дар кӯҳҳои ин водӣ мавҷудбуда бо ҳунари волои чирадастони вилояти Суғд сохта шудаанд.

Кандакорӣ, сандуқсозӣ, омодакунии табақҳои гуногун ва дигар маҳсулоте, ки аз чуб омода мешаванд, писанди ҳозирин гардид.

Дар маҷмуъ бештар аз 20 намуди асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили тор, рубоб, соз, танбур, доира, дутор, сетор ва карнай дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд. Навозандагиву овозхонӣ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошанд ва  завқи баланду истеъдоди сокинони маҳаллии ин водӣ ба қалбҳо шодиву сурур мебахшад.

Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ оро ёфта буд ва духтарон либосҳои арӯсиро ба таври намунавӣ муаррифӣ карданд. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо барои 150 кӯдаки ятими кул аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Толори барҳавои ин макон бо истифода аз унсурҳои миллии замонавӣ зиннат дода шуда буд. Ин тадбири муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаҳои ниёзманд  сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кул туҳфаҳои идона тақдим карданд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз фараҳмандии наврасонро дучанд намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...