(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.

Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар ин майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наздики 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.

Масоҳати умумии гулгашти назди Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдони мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ «СУ-3» ва ҶДММ «Само» мебошанд. Дар давраи таҷдиди майдон ва гузоштани муҷассамаи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ беш аз 80 нафар сокини маҳаллӣ ва сохтмончиёни соҳибтаҷриба бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Муҷассама бо истифода аз метали ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.

Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохта, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст, ки ба ҳусни шаҳр зебогии дигар зам мекунад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ давоми як сол беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, он дорои як толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ мебошад. Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ инчунин маҳфилҳои гуногун барои омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорати ҷавонону наврасон ташкил гардидааст. Ғайр аз ин дар ин макон барои телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, инчунин дигар ташкилоту идораҳо утоқҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

Дар даромадгоҳи бино ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти 16 ширкати сайёҳӣ аз шаҳри Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мавзеъҳои сайёҳии водии Зарафшон ва армуғонҳо муаррифӣ гардид. Дар намоишгоҳ харитаи сайёҳии шаҳри Панҷакент, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои зебои Зарафшон дар қолаб ва пояҳои ягона ба маъраз гузошта шудаанд.

Аз ҷониби ҷавондухтарон ба таври рамзӣ композитсияи бадеии Ҳафткӯл-Ҳафт нозанин намоиш дода шуд.

Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ маҳфилҳои «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ», «Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», «Санъати тасвирӣ», «Зардӯзию армуғонсозӣ», «Адрасбофӣ ва қолинбофӣ», «Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ» ва ҳамчунин китобхона ташкил карда шудааст.

Дар маҳфили «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» ба ҷавонон имкониятҳои сайёҳӣ, таърих, маданият, фарҳанг ва урфу одатҳои ниёгон омӯзонида мешавад. Мақсад аз ташкили маҳфил ҳарчӣ бештар муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии мамлакат мебошад. Аъзоёни маҳфил Сарвари давлатро бовар кунониданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ менамоянд.

Дар маҳфили «Санъати тасвирӣ» бошад, ба наврасону ҷавонон ҳунари рассомӣ омӯзонда мешавад. Дар ин ҷо ҳунари рассомон ва аъзоёни маҳфил ба намоиш гузошта шудааст. Зимни боздид аз дигар маҳфилҳо Пешвои миллат ба ҳунари аъзоён баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз худ кардани илмҳои муосир ва хизмати содиқонаву софдилона ба миллату давлат ҳидоят намуданд.

Дар китобхона беш аз аз 1200 нусха китобҳои гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо барои мутолиаи хонандагон 10 ҳазор нусха китобҳои гуногун ба таври электронӣ пешкаш гардидааст.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакент барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Баъди тамошои Маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо дар толори калони ин Кохи боҳашамат дар ҳузури Пешвои миллат ва шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Панҷакент барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ-мусиқии «Ёди бузургон», суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуданд, ки ин Маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...