(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳадяҳои наврӯзии Раиси вилояти СуғдНишасти 160  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳузури бештар аз дусад нафар дӯстдорони каломи бадеъ бо иштироки олимону адибони номвари кишвар  дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо Наврӯз муборакбод гуфт ва иттилоъ дод,ки ин нишаст ба ду воқеаи фараҳбахш яке фарорасии Баҳору Наврӯз дигаре ба  солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст

Сипас табрикоти наврӯзии Раиси вилоят Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба унвони олимону адибон,устодону шогирдони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Тоҷибой Султонзода ироа намуд. Тоҷибой Султонзода дар ҳузури ҳозирин ба ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, барои китобхонаи донишгоҳ ҳадяи идонаи Раиси вилояти Суғд - силсилаи китобҳои таърихӣ,адабӣ ва илмиро эҳдо намуд.

Ректори донишгоҳ баробари сипосгузорӣ аз таваҷҷӯҳи Раиси вилояти Суғд ҳозиринро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд. Ҳамзамон аз мақом ва манзалати маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”ибрози назар намуда, дар тарбияти маъанвӣ ва ахлоқии ҷомеа хидмати онро беназир арзёбӣ кард.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” аз ҷониби  Насимҷон Ҳамробоев- дотсенти донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бештар аз 25 номгӯ китоби тозанашр муаррифӣ гардид.

Саидумрон Саидов- дотсенти донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  андешаҳои худро дар бораи назари Пешвои миллат оид ба  устод Садриддин Айнӣ баён кард.  Ӯ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи дар суханрониву мулоқот ва чи дар осори илмиву адабии худ,зиндагинома ва осори асосгузори адабиёти навин, нависанда, шоир, муҳаққиқи адабиёт ва таърихи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ҳамчун мактаби ибрат ва сарчашмаи ноби ҷоннисориву ҷонгудозиҳо дар бунёди тамаддуни даврони нави миллат муаррифӣ менамоянд. Қариб дар ҳамаи таълифоти Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таъриху адабиёт тааллуқ дорад ба зиндагинома, афкору андеша ва тадқиқоти илмиву адабии устод Садриддин Айнӣ руҷӯъ шудааст. Дар маърӯзаи муҳаққиқонаи худ “Суннатҳои наврӯз дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ” номзади илмҳои филология дотсент  Нуралӣ Нурзод  ҳозиринро бо паҳлӯҳои ноомӯхтаи китоби пурарзиши  устод Айнӣ ошно кард. Воқеан як хидмати бузурги Садриддин Айнӣ,ки аз эҳтирому муҳаббати беандозаи нависанда ба таърихи миллат сарчашма мегирад ин кӯшиш дар зинда нигоҳ доштани анъана , маросиму ҷашн ва суннатҳои неки ниёгонамон ба ҳисоб мерафт. Ба қавли Пешвои миллат: ”Наврӯз аз ҳама фишору зӯровариҳо гузашта,ҳамчун иди миллӣ зинда монд. Таърих хидматҳои бузурги Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо фарзандони бузурги миллатро, ки дар рӯзҳои сахт суннати Наврӯз ва расму оинҳои неки аҷдодиро пуштибонӣ карданд, бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст”.

Дар бахши “Наврӯзи шеър”шоири хушкалом Маликнеъмат чанд шеъри тозаи худро қироат кард. Воқеан Маликнеъмат аз зумраи шоирони хушбаён ва соҳибназари тоҷик аст, ки ашъораш дилнавози ширин мебошад.

Шодӣ Шарифов-дотсенти донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бошад бо як маърӯзаи  пурмӯҳтаво таҳти унвони “Шоире бо лаҳни дилнавоз” дар бораи  шеъри шоири соҳибсабк, навпардозу рангинхаёл  Давлати Раҳмониён сӯҳбати ширине барпо намуд. Давлати Раҳмониён муаллифи китобҳои “Растахези рӯҳ”,”Найистон”, “Марзи исён”, “Қиёми рӯҳ” ва чандеи дигар мебошад. Муҳаққиқи ҷавон  Шодӣ Шарифов перомуни вожаву таъбироти шоиронаи  Давлати Раҳмониён, ҳунари шоирии ӯ  як тадқиқоти ҷолиберо ба анҷом расонидааст,ки қобили таҳсин аст. Дар маҳфил сарояндаи ҷавон Марям, ки дар бозхонии сурудҳои ҳофизони номвар чун Барно Исҳоқова, Тӯхта Иброҳимова ва дигарон маъруф гардидааст бо таронаҳои  дилнавоз ба маҳфил таровати дигар ато кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...