(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат  калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини бо таҷҳизоти криминалистӣ муҷаҳҳазро барои истифодаи хизматӣ тақдим карданд.

Сипас дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ва тарҳи лоиҳаи сохтмони Бинои маъмурӣ дар ҳудуди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ҷорӣ кардани Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ба низоми электронӣ гузаронидани фаъолияти коргузорӣ, дастрасии фаврӣ ба иттилоот ва таъмини идоракунии самарабахши назорати автоматӣ мебошад.

Бинои маъмурие, ки дар ҳудуди Прокуратураи генералӣ бунёд мешавад, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, арзиши сохтмони он 23 миллиону 555 ҳазор сомонӣ, аз он 18 миллиону 566 ҳазор сомонӣ корҳои васлгарию сохтмониро ташкил медиҳад.

Назорати сохтмони иншооти мазкур ба уҳдаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур доданд, ки дар вақти бунёди иншооти маъмурӣ ба сифати корҳо ва тарҳи меъмории он диққати махсус диҳанд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар толори барҳавои маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, мудофиа, прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Зимни баромади хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи кормандони мақомотро бо иди касбӣ ва фарорасии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои кори пуршараф ва пурмасъулият барору комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Зимни таҳлилҳои амиқ Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна қонуншиканиҳо дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хурока, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин пешгирии амалҳои коррупсионӣ, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷалб карда, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда, супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад ҳамчунин дар бораи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат ба такмил ва рушди мақомоти прокуратура давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти прокуратураи кишвар андешаронӣ карданд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбӣ ва фарорасии Наврӯз шодбош гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу намуданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, ёрдамчии калони прокурори генералӣ Шоҳин Талбакзода, муовини Прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муқаддас Почомулло, Прокурори ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Музофирзода ва Прокурори калони вилояти Хатлон Пирзода Парвиз Раҷабалӣ баромад карда, аз номи кормандони прокуратура ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа ва беҳдошти сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...