(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода беш аз 40 нафар журналистонро қадршиносӣ намудДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи кормандони ВАО чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аҳли қаламро бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаву муосир иттилоот барои мардум ҳамчун як рукни маънавиёт басо муҳим ва касби рӯзноманигорӣ бонуфуз ва масъулиятталаб арзёбӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки ҳар сол 11 март ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаҳои ахбори умум таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд».

Таъкид шуд, ки дар як сол ду маротиба баргузор гардидани нишастҳои матбуотӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи интиқодии Васоити ахбори омма» ва фароҳам овардани шароити муcоид барои тамоми намуди расонаҳои хабарӣ аз тадбирҳои муҳими Роҳбарияти давлату ҳукумат дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Раиси шаҳр гуфт, ки таваҷҷуҳи хосса ва шинохту эътирофи рӯзноманигорон, баргузор намудани озмунҳои ҳавасмандӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нишони волои арҷгузорӣ ба фаъолияти аҳли қалам арзёбӣ мегардад.

Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ғайр аз шабакаҳои давлатӣ, ҳамзамон  ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил–“СМ-1”, “Азия”, “Ҷаҳоноро”, “Диёр”, “Танин”, “Салом”, “7-ситора”, телевизионҳои ноқилии “Ант”, “Сомониён”, “Мавҷи ориёно”  ва радиоҳои “Пайванд”, “Садои Хуҷанд”, “Радио-Тироз”, “Тирози ҷавонӣ”, “Шаҳри ман”, “Лав радио” ва “Салом” фаъолият доранд. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ барои фаъолияти хуби васоити ахбори омма шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ин яке аз нишондодҳои беҳтарин дар қаламрави мамлакат арзёбӣ мегардад. Инчунин рўзномаи “Тирози ҷаҳон”, ки нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад, фаъолияти пурсамар дорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки рўзномаи “Тирози ҷаҳон” 25 сол инҷониб дар фазои иттилоотии шаҳр фаъолияти назаррас дорад.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади инъикоси масоили мавҷудаи ҷомеа ва иртиботи доимӣ будан бо мардум силсилаи тадбирҳоро андешида меояд. Зеро матбуот ва воситаҳои ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеанигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умумӣ низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеъии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Қобили таваҷҷуҳ ва таҳсин аст, ки аҳли қалам ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона ба сомон мерасонанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии хеш қаламкашон, аҳли матбуоти шаҳрро бори дигар ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод намуда, изҳор боварӣ намуд, ки  воситаҳои ахбори омма дар амалӣ гаштани ҳадафҳои нек ва иқдомҳои созандагӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми амиқ ва назаррас мегузоранд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба  зиёда аз 40 нафар журналистон ва кормандони фаъоли расонаҳои хабарӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд, Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Абдулмаҷид Бобоҷониён, собиқадори матбуот аз иқдомоти шоистаи шаҳрдорӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд бо расонаҳои хабарӣ тавсиф намуда, ҳамзамон даъват ба амал оварданд, ки ин шеваи фаъолиятро густариш бояд дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...