(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Модарон ва хоҳарони азиз!

Фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.

Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад.

Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.

Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд.

Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.

Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Дар баробари ин, масъалаву мушкилоти вобаста ба ҳаёту фаъолияти бонувон низ вуҷуд доранд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ карда истодааст.

Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Фарзандони азиз!

Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон мебошад.

Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор грантҳои президентӣ ва дигар имтиёзҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бонувони мо бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Мо соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем.

Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои кории нав, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.

Мо хуб медонем, ки нигоҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои милливу мардумӣ маҳз модарону занону бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд.

Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд.

Бори дигар тамоми занону модарон ва хоҳарону бонувони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...