(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар  ҷаҳони  муосир  равандҳо  ва  зуҳуроте  мавҷуданд,  ки  танҳо  ба  як  кишвар  ва  ё  як  минтақа  не , балки  ба  тамоми  кишварҳои  ҷаҳон  ва  дар маҷмуъ  ба  кулли  мардумони  сайёра  таҳдид  мекунанд.

Созмонҳои  экстремистию  террористӣ  фаъолияташонро  вобаста  ба  паҳн намудани  ғояҳои  тундравона,  барангехтани  кинаю  адоват  ва  низои  мазҳабӣ  дар  ҷомеа,  ба  сафҳои  худ  ҷалб  намудани  ҷавонон  ва  содир  намудани ҷиноятҳои  дорои  хусусияти  экстремистӣ  пурзӯр  намуда,  мехоҳанд  сохти ҷамъиятӣ-сиёсии  ин  ё  он  кишварро  бо   роҳи  зӯроварӣ  тағйир  диҳанд.

Айни  замон  гурӯҳҳои  террористӣ  барои  анҷом  додани  ғаразҳои  сиёсии  худ фаъолият  доранд  ва  мақсади  асосии   ин  гурӯҳҳои  терористӣ, пеш  аз  ҳама расидан  ба  ғаразҳои  сиёсии  иқтисодист.

Махсусан  барои  гирифтани  нуқтаҳои  коркарди  нафту  газ  ва дигар  сарватҳои зеризаминӣ,  ки  миллиардҳо  арзиш  доранд  ҷаҳд  мекунанд.  Лекин  пеш  аз гирифтани  бойгариҳои  ҳар  як  сарзамин,  аввал  ҳамон  минтақаро  хароб гардонида,  ба  ҷангҳои  бародаркушӣ,  бесарусомонӣ  ва  поймолкунии  ҳуқуқҳои инсонӣ  оварда  мерасонанд.

Дар  натиҷаи  амалиётҳои  нопоки  худ  онҳо  хуни  ҳазорҳо  нафар шаҳрванди  бегуноҳро  мерезанд,  кӯдакон  бесарпаноҳ  мемонанду  занон  ба  ҳалокат   мерасанд.

Баъзе  нафарон  бошанд  барои  халос  ёфтан  аз  ин  нопокиҳо  даст  ба  гурезагӣ мезананд.

Ба   ҳамагон   маълум   аст,   ки   гурӯҳҳои   террористӣ   барои   анҷом   додани  амали  ваҳшиёнаи   худ   ба   мазҳабу   дин   такя   мекунанд,   ки   ин   ба   дин  ҳеҷ   алоқамандӣ   надорад.

Имрӯзҳо,  мутаассифона,  аксари  онҳое,  ки  бо  асли  аркони  ислом,  таърих, фарҳанг,  аҳком,  фалсафа  ва  ахлоқи  исломӣ  ошно  нестанд,  чунин  меҳисобанд,

ки  ба  ислом  хислати  ситезу  тундрав,  таҷовузгароӣ,  бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ  хос  аст.  Ин  андеша  мутлақо  ғалат  аст.  Зеро  Қуръон, ҳадис,  тамоми  аҳкому  аркони  ислом  ва   фалсафаю  ахлоқи  он   бар   пояи адолат,  баробарӣ,  бародарӣ,  озодӣ,  амният  ва  ваҳдат  бунёд  ёфта,   зарурати сулҳ,  ризоият,  таҳаммул,  оромӣ,  амният,  адолатро  бо  тамоми  зуҳуроти  он  дар  тамоми  ҷабҳаҳои  зиндагӣ  таъкид  менамояд.

Имрӯз  коршиносон  бар  он  назаранд,   ки   ба  доми  террористӣ  бештар ҷавонони  муҳоҷир  ё  муҳассилини  кишварҳои  арабӣ  ҷалб  мешаванд.  Барои  ин онҳо  аз  шабакаҳои  интернетӣ  ба  таври  васеъ  истифода  мебаранд.

Асосгузори  сулҳу   ваҳдати  миллӣ,  Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  паёми  худ  таъкид  намуданд,  ки «Терроризм  ва  экстремизм аз  як  ҷониб   чун  вабои  аср  хатари  глобалии  ҷиддӣ буда,  аз  ҷониби  дигар  амсоли  он  гувоҳ  аст,  ки  терроризм  ватан,  миллат,  ва дину  мазҳаб  надорад,  балки  таҳдиде  ба   ҷомеаи  ҷаҳон  ва  ҷони  ҳар  як  сокини  сайёра  аст»

Сулҳе,  ки  Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Тоҷикистон  овард,  нодиртарин  ва  қиматтарин  неъмат  мебошад.  Ба  мо  зарур  аст,  ки  ин  ваҳдати  миллӣ  ва  сулҳро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  кунем ва  ҳама  аз  як  гиребон  сар  бароварда  барои  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  камар баста,  дар  муқовимат  ба  афкори  экстремистӣ,  террористӣ  муташаккилона мубориза  барем  ва  нагузорем,  ки  нохалафе  фазои  ороми  Тоҷикистони азизамонро  ғуборолуд  созад.

Мо  ҳамеша  бо  суханони  Пешвои  миллат,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пайравӣ  намуда,  терроризм  ва  экстремизмро  шадидан  маҳкум менамоем.   Ин   чунин,  барои  ҳифзи  якпорчагии  ин  Ватани   биҳиштосо  ҳамеша  омодаем  ва  сиёсати  хирадмандонаю   бунёдкоронаи  Пешвои  миллатро дастгирӣ  мекунем.

М. Ҳайдарова,
омӯзгори фанни таърих
ва ҳуқуқ МТМУ №8 ш.Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...