(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!

Афсарону сарбозони гиромӣ!

Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику муборакбод намуда, орзуманди онам, ки дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии мардум тинҷу осуда бошад.

Воқеан, 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон саҳифаи тозае боз гардид, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи он таъсис ёфт.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 25 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди таърихӣ гузашта, имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.

Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Артиши миллӣ бо инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои соҳибихтисос таъмин мебошанд.

Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳ чун бо нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишҳои назарраси иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон  дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург мегузоранд.

Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.

Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...