(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altУстодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи таълимӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе самимона табрик мегӯям.

Нахустин мулоқоти Роҳбари давлат дар соли 2018 бо шумо, муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки фикр мекунам ин агар аз як тараф нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумат нисбат ба аҳли маориф бошад, аз сӯи дигар масъулияти онҳоро боз ҳам бештар мегардонад.

Соҳаи маориф бо дарназардошти аҳаммияти бузурги кори таълиму тарбия барои ояндаи давлат ва миллат аз ҷумлаи соҳаҳое мебошад, ки бояд пайваста дастгирӣ карда шавад.

Бинобар ин, тавре ки мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро ба рушди соҳа равона карда истодааст.

Чанде пештар дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат бори дигар таъкид кардам, ки мо бояд бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо сатҳи маърифату дониши наврасонро баланд бардорем.

Зеро рушди ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек бояд, пеш аз ҳама, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф нақши муассир дошта бошанд.

Тавре дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардид, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда - дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлат ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани нерӯи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро боз 15 фоиз баланд мебардорад.

Дар ин раванд, фақат соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе 13 муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар 17 иншооти дигари соҳаи маориф, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои сохтмон бомаром идома доранд.

Тавре ки мо мушоҳида кардем, дар муассисаи таълимии имрӯза тамоми шароити муосири зарурӣ барои хонандагон ва омӯзгорон муҳайё карда шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба лоиҳакашону меъморон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин бинои зебои замонавӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Ба шумо, фарзандони азиз – шогирдони ин муассисаи таълимӣ насиҳати ман ин аст, ки аз шароити бароятон муҳайёгардида истифода карда, хуб хонед, илму дониш омӯзед, боодоб бошед ва ифтихор кунед, ки сокини пойтахти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳастед. Ва фаромӯш накунед, ки тақдири ояндаи давлати озоду соҳибихтиёрамон дар дасти шумо хоҳад буд.

Муҳтарам омӯзгорон ва масъулини

соҳаи маорифи пойтахт!

Ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ хотиррасон ва таъкид месозам, ки бо вуҷуди ғамхориву дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат сифати таълиму тарбия, хусусан, дар мактабҳои пойтахт ҳанӯз ҳам моро қаноатманд карда наметавонад.

Худатон хуб медонед, ки шароити таълим дар мактабҳои шаҳри Душанбе нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бамаротиб беҳтар аст ва камбудиҳои ҷойдошта бо саъю кӯшиши роҳбарияти шаҳрдорӣ дар ояндаи наздиктарин бартараф карда мешаванд.

Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шумо омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо падару модарон барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани раванди донишомӯзӣ чораҳои иловагӣ андешида, кори таълиму тарбияро тарзе ба роҳ монед, ки шогирдони шумо аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат бошанд.

Итминони комил дорам, ки шумо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе минбаъд барои тарбияи насли сазовори замони истиқлолият ва фарзандони арзандаи миллати бостониамон бештар заҳмат мекашед ва ба ин васила дар амри ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоред.

Бори дигар ҳамаи шумо - устодону шогирдони муассисаи навбунёди имрӯзаро ба муносибати ифтитоҳи боз як макони илму боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон саломативу саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...