(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории шанбегии умумишаҳрӣ дар Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби зиёда аз 4000 нафар Санаи 10 феврали соли ҷорӣ дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 4000 нафар иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷараёни корҳои ободонии Боғи ботаникӣ ширкат варзида, баҳри ҳиссагузории хуррамнамоии ин макон якчанд бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороиширо шинонид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №31, литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56 ва идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.

Баргузории шанбегии умумишаҳрӣ дар Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби зиёда аз 4000 нафар Ҳашарчиён бо олотҳои меҳнат ҳудуди боғро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, пояи дарахтонро шудгор ва нарм карданд. Ҳамчунин ба шанбегии умумишаҳрӣ кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону муҳассилини макотиби варзишии шаҳр барои ниҳолшинонӣ дар атрофи Боғи ботаникӣ ҷалб карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набботи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароитҳои сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.

Имрӯз дар ҳудуди Боғи ботаники шаҳри Хуҷанд дарахтони гуногун аз қабили Санавбар 1500 бех, Туя 2000 бех, Сарв 1000 бех, Палма 1000 бех, Каштан 200 бех, Хурмои вергинӣ 500 бех, Булут 200 бех, Арғувон 200 бех ва гулҳои навъи Садбарг 1000 адад, Марҷонгул 4000 бех, Петуния 3000 бех, Лола 2000 бех, Ромашка 500 бех, Календула 200 бех, Гомфрена 300 бех, Гайлярдия 300 бех, Синерария 500 бех парвариш меёбанд. Маҷмуан дар ин боғ беш аз 162 намуди дарахту буттаҳо бо теъдоди умумии 1760 бех мавҷуд мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...