03 Феврал 2018
Тавре, ки иттилоъ дода будем, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо умеди ободониву сарсабзии ҳамешагии диёр дарахти ороишӣ шинонида шуд. Роҳбари вилоят сокинони шаҳрро барои вусъати корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ ҳидоят намуд.
Дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ моҳи январи соли ҷорӣ аллакай дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр 150 бех дарахтони ороишию сояафкан аз қабили Ардач, Санавбар, ва ғайраҳо шинонида шудаанд.Имрӯз сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, ба тозаву хуррамнамоии атроф даст заданд.
Шинонидани ниҳолҳои дар хиёбону кӯчаҳои асосии шаҳр вусвъат меёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд