(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Мулоқоти имрӯзаи мо дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Мо дар заминаи принсипҳои бунёдии ҳамҷавории нек ва ҳамсони манфиатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намудем.
Боиси зикр аст, ки сафари муҳтарам Сооронбой Шарипович дар соли таҷлили 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон сурат мегирад. Тайи ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи самтҳои калидии ҳамкорӣ тамоюли мусбати рушдро соҳиб гардид.
Барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, дар масъалаҳои амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварда шудаанд.
Заминаи шартномавию ҳуқуқии устувори муносибатҳои дуҷониба, ки беш аз 85 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад, фароҳам гардидааст.
Механизмҳои зарурии дуҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ташкил шудаанд.
Натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамаҷонибаи натиҷаҳои то имрӯз бадастомада бо истифода аз намунаҳои нави амалӣ тасдиқ намуданд.
Дар ин замина мехостам аҳамияти бастаи санадҳои ҳамкории дуҷонибаи нав баимзорасидаро зикр намоям.
Мо бо муҳтарам Сооронбой Шарипович, оид ба муҳимияти идома додани муколамаи сиёсии доимӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҳамфикр будем.
Мо инчунин оид ба пурра истифода бурдани он иқтидори бузурге, ки дар муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавҷуд аст, изҳори андеша намудем.
Ҳамзамон зарурати таҳкими бахши иқтисодии шарикии мо дар заминаи дарозмуддат таъкид карда шуд.
Ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳоямон соли гузашта тақрибан ду баробар афзуд.
Барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодиамон захираҳои назаррас мавҷуданд.
Имкониятҳои тиҷорати наздисарҳадӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ пурра истифода нагардидаанд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи сохтмон ва бахши аграрӣ ояндадор арзёбӣ гардид.
Мо ҳамчун давлатҳои болоии ҳавзаи дарёҳои минтақа ба муҳимияти истифодаи самарабахши захираҳои обию гидроэнергетикӣ ишора намудем.
Мо аҳамияти талошҳои минбаъдаро оид ба пешбурди лоиҳаи бузурги минтақавӣ — КАСА-1000, ки бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, зикр намудем.
Мутмаинам, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни давлатҳои ин минтақаҳо дар дигар соҳаҳо низ мусоидат мекунад.
Мо инчунин доир ба истифодаи самарабахштари имкониятҳои транзитию нақлиётии ҳамдигар ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёти ду давлат ва дар маҷмӯъ дар минтақа изҳори андеша намудем.
Тавсеаи минбаъдаи долонҳои нақлиётии байнидавлатӣ тавассути таҷдиди роҳҳои мошингард ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан ҳамчун қадами мутақобилан судманд эътироф гардид.
Мо бо дарназардошти пешбурди минбаъдаи самтҳои ҳамкории ишорашуда аҳамияти нигоҳ доштани фаъолнокии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро ҳамчун механизми муҳими рушди шарикии бисёрҷонибаамон зикр намудем.
Масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ дар муносибатҳои байнидавлатиамон муҳимтар ба шумор мераванд.
Мо майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо оид ба мувофиқа намудани минтақаҳои боқимонда дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тасдиқ намудем.
Мо зимни музокирот дар вазъияти эътимодомез доир ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.
Таҳкими сулҳу субот, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ самтҳои асосии ҷонибҳо дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷиашон ба шумор мераванд.
Ин ҳамзамон барои ҳамкории зичи минбаъда дар доираи сохторҳои ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид ба шумор меравад.
Мо зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳо, инчунин таҳдидҳои амнияти байналмилалӣ зикр намудем.
Мо дар доираи баррасии масъалаҳои марбут ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардем ва ҷонибдории худро ба ҳадафҳои таъмини сулҳу субот дар ин кишвари ҳамҷавор тасдиқ намудем.
Дар доираи сафар оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, аз ҷумла, дар самти илму маориф ва тандурустӣ қаноатмандии ҷонибҳо изҳор карда шуд.
Мутмаинем, ки шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати давлатҳоямон ва тамоми минтақа рушд мекунад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...