(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: Шумораи аъзоён ба 16374 нафар расидДар толори Маркази фарҳанг бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти яксоли кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кумиҷроияи вилоятӣ рӯзи гузашта маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Набиҷон Халилзода, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, роҳбарони кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизбу намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Рӯзномаи кори ҷаласа аз чор масъала - ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оид ба натиҷаҳои иҷрои самтҳои асосии фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2017, ҷамъбасти натиҷаҳои обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ», тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи якум ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.

Наим  Маликисломӣ зимни ҳисобот тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҳизбиро ба риштаи таҳлил кашида аз ҷумла таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар такя ба Барномаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бобати дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Анҷумани XII-уми ҲХДТ ва вазифагузориҳои Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ аз 5 январи соли 2017 ва қарорҳои конференсияҳои Кумитаи иҷроияи вилоятию шаҳрии ҲХДТ фаъолияташро пеш мебарад. Кумиҷроия ба қабули сифатноки аъзои нав  диққати ҳамаҷониба дода, сафи аъзои ҳизбро аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо, олимону устодон, хусусан занону ҷавонони лаёқатманд ва дониши баланди мафкуравидошта зиёд намуд. Шумораи аъзоён дар шаҳр дар соли 2017 ба 16 ҳазору се саду ҳафтоду чор нафар расид, ки ин нисбат ба соли гузашта  1121 нафар зиёд буда, аз ин шумора 10230 нафарро занон ва 8713 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пешрафти ташкилотҳои ҳизбӣ аз фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ вобастагии калон дорад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд 1 адад кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, 14 адад ташкилотҳои ибтидоӣ зиёд карда шуд. Айни замон дар назди кумиҷроия 5 адад кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 217 адад ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолият мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ба расмиятдарории фаъолияти дохилиҳизбӣ аз ҳисоби кормандони кумиҷроия ба ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ сарпарастон вобаста карда шуданд, ки мунтазам фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоиро зери назорати худ қарор дода, бо масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба пешрафти кори ҳизб корбарӣ менамоянд.

Таъкид гардид, ки маҳз масъулиятпешагии роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, дилгармӣ ба кори худ боис шуд, ки дар қатори 4 кумитаҳои иҷроияи ибтидоии фаъолияташон намунавӣ дар як соли охир сафи ташкилотҳои ибтидоии корашонро хуб ба роҳ монда зиёд шуд. Махсусан зикри кумиҷроияи ибтидоии “Истиқлол” ташкилотҳои ибтидоии “Андоз пояи давлат” “Раҳим Ҷалил”, “Хуҷандобуканал”, кумитаи маҳаллаи 1-май, Беморхонаи вилоятӣ, Маркази саломатии №1, Иттифоқи матлубот, бозори “Афросиёб”, “Одилҷон Назаров”, “Мадад” ва “Хонаи пиронсолон” боиси ифтихор ва сарбаландии мост.

Музокирачиён Мавҷуда Ҳакимова, раиси ташкилоти ибтидоии «Масҷиди Савр», Хуршед Саидов, ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Фариддун  Мӯҳсинзода, чониши раиси ташклоти ибтидоии Раҳим Ҷалил, Матлуба Мирзоҳошимова, раиси ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии №2 зимни баромади хеш аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии худ давоми як сол гузориш дода, қайд намуданд, ки маҳз ҳамкориву дастгирии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб буд, ки масъулияти ҳизбии аъзоён боло рафта, онҳо мунтазам дар чорабиниҳои таъсисдодаи кумиҷроияи шаҳрӣ ширкати фаъолона доштанд. Аз ҷумла, Мавҷуда Ҳакимова  зимни музокира аз чорабинии муштараки ташкилоти ибтидоии «Масҷиди Савр» бо кумиҷроияи шаҳрӣ  дар мавриди таҷлили Рӯзи Парчам дар маҳалла ёдовар шуда, гуфт, ки чорабинии «Иди кӯча» воқеан ҳам шумораи зиёди сокинонро ба ин чорабинӣ ҷалб кард ва аксаран баъди баргузории ин ҷашни оммавӣ ба кумиҷроияи шаҳрӣ изҳори сипос намуданд.

Набиҷон Халилзода, намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ дар баромади хеш дар маҷмӯъ фаъолияти кумиҷроияро хуб арзёбӣ намуда, дар самти ташвиқу тарғиб ва инъикоси васеи дастовардҳои ҳизбӣ тавассути васоити ахбори омма дастури мушаххас дод.

Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳамкории мутақобилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо кумиҷроияи шаҳрӣ ёдовар шуда, афзуд, ки мо ҳамеша дар баргузории чорабиниҳои мухталиф такя ба аъзоёни фаъоли ҳизб мекунем. Зеро ҳадафу маром ва Барномаи ҳизб бо нақшаҳои стратегии давлат тавъаманд аст.

Дар идомаи ҷаласа ҳозирин нақшаи корииро барои нимсола тасдиқ намуданд.

Наим Маликисломӣ зимни вазифагузориҳо аз раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ тақозо кард, ки дар самти сифатнок аъзо намудан, мунтазам баргузории ҷаласаҳо, хонишҳои сиёсӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, фаъол будан дар чорабиниҳои шаҳрӣ масъулият зоҳир намуда, ҳамчунин саҳми худро дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо баргузории ҳамоишу конфронсҳо гузоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба чанде аз фаъолони ҳизб Сипоснома ва Ифтихорномаҳо тақдим гардида, ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ ба аъзоёни нави ҳизбӣ шаҳодатномаи аъзогӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...