(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош!Изҳороти Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” дар мавриди фаъолияти ташкилоти терроризм-экстремизмӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароӣ

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷахони муосир табдил ёфтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистондар давоми 26- соли охир хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, дар масъалаи мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи бузург дорад. Тавре медонем аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм ва экстремизм, аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Терроризм қабл аз ҳама ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳолӣ ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, беҳимоятӣ бо рохи фишору зуроварӣ равона мешавад. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.

Дар баробари истифода бурдан аз ҳуҷҷатҳои тақдирсози сиёсӣ  ва арзишҳои волои миллӣ, мо бояд аз арзишҳои динию мазҳабии халқамон дар ин кор пайваста таваҷҷуҳ намоем. Бояд зикр кард, ки маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчӯбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави  онро васеъ намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбори худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.”

Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи тамаддунҳои азимтарини дунё қарор дорад. Мусаллам аст, ки ҷараёнҳои ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар давлати навбунёди мо пиёда созанд. Мутаасифона, баъзе ҷавонони кишварамон ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсмару фарзандони худро тарк намуда, ба онҳо пайвастаанд. Ва ҷойи пинҳон нест, онҳое, ки ба доми гуруҳҳои иртиҷоӣ афтодаанд, дониши казоӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини Ислом низ фарсахҳо дуранд.

Ҳоло дар бисёр кишварҳои дунё системаи назорати хонаводагӣ бар шабакаҳои  интернетӣ  ҷорӣ шудааст, ки волидон ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашонро метавонанд назорат кунанд. Ин тарзи кор судбахш будани худро аллакай нишон додааст. Дар кишвари мо низ чанде пеш ба банди 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тағйироту иловаҳо ворид гардид. Аммо, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ин кор ба хотири назорат ва андаке маҳдудкунии фарзандон аст, зеро маҳрумсозӣ натиҷаи баръакс низ медиҳад.

Аҳли кормандони Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремиз ва терроризм барои солҳои 2016-2020” санади муҳими барномавии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Дар он самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуыуы, маорифу илм, зиёиён, созмонҳои ҷамъиятиву ҷавонон, кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян гардидааст, сармашыи кори худ намуда, дар ҳалли масъалаи ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа, ҳифзи ҳуыуыи шахс, баланд бардоштани наыши маориф дар пешгирии ифротгароию тундгароӣ байни ҷавонону наврасон саъю кӯшиш намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию худогоҳӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани шогирдонро вазифаи муыаддаси худ меҳисобем.

Мо омӯзгорони Литсей сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро бо роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз дилу ҷон ва содиыона дастгирӣ менамоем, дар ҳифзи Ваҳдату ягонагии мардум, баыои давлатдории навин саҳмгузор шуда, зидди щояҳои ба аыидаҳои мардумони Ориёӣ зид ба мисли ифротгароию тундгароӣ мубориза бурда, фаъолияти щайриыонунии чунин равандҳоро маҳкум менамоем.

Мо имрӯз бояд шукргузор аз он бошем, ки давлат ба мо имконияти “Рушди ҳунарҳои мардумӣ”-ро додааст, ки дар таъмини ҳаёти шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон аҳамияти муҳиме дорад ва дар ободиву созандагии Ватани аҷдодиамон ҳамеша омодаи хизмат бошем.

Аз мусалмоннамоёни девсиришт ҳушёру барканор бошем, зеро Ҳаким Носири Хусрав бо исрор таъкид доштааст, ки:

Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош,

Чӣ бошад дев будан? Одамӣ бош.

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии
“Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...