(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздид аз меҳмонхонаи “Парламент” ва чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри ХуҷандИҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи якшанбеи 28 январ сурат гирифт, дар хиёбони Раҳим Ҷалил бо умеди ободониву сарсабзии ҳамешагии диёр дарахти ороишӣ шинонид ва сокинони шаҳрро барои вусъати корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ ба истиқболи ҷашни Сада ҳидоят намуд.

Зимни боздид аз меҳмонхонаи тозабунёди “Парламент” роҳбари вилоят бо нақшаи ободонии соҳили Сирдарё ва иншооти сохташаванда дар ин мавзеъ шинос шуд. Тибқи нақшаи ободонии шаҳр ба хотири муҳайё сохтани имкониятҳои бештари истироҳатию саёҳатӣ дар канори дарёи Сир бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхона, хобгоҳи солимгардонӣ ва чойхонаи миллӣ дар назар дошта шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкоронро даъват намуд, ки дар ободонии маркази вилоят саҳмгузор бошанд ва бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ корҳои сохтмониву азнавсозиро дар мувофиқа бо шӯрои шаҳрсозӣ вусъат бахшанд. Роҳбарияти вилоят бошад, дар иҷрои амалҳои неки созандагӣ соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.

Дар сурати бунёди иншооти замонавӣ дар соҳилҳои Сирдарё нуфузи сайёҳии шаҳри бостонии Хуҷанд боло рафта, дар навбати худ Хуҷанд ба меъёрҳои байналмиллалии шаҳрҳои саёҳатӣ мутобиқ мегардад. Меҳмонхонаи замонавии “Парламент” аз ҷумлаи чунин иншооти саёҳатист, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, бо усули омезиши тарҳҳои шарқиву аврупоӣ сохта шудааст. Меҳмонхона аз чор ошёнаи истиқоматӣ ва як ошёнаи хизматрасонӣ иборат шуда,  дар ояндаи наздик бо шароитҳои беҳтарин дари худро ба рӯи мизоҷон боз хоҳад кард. “Парламент” на танҳо ҳамчун меҳмонхона, балки чун маҷмааи байналмиллалии хизматрасонӣ фаъолият хоҳад бурд, ки дорои 28 утоқи хоби барҳаво, тарабхона, ҳаммом, ду майдони варзишӣ барои футбол ва дигар намудҳои варзиш, толори обутоби бадан ва минтақаи сайругашт мебошад. Яъне тамоми шароитҳои зиндагиву истироҳатӣ барои мизоҷон дар як ҷой фароҳам оварда шудааст.

Дар навбати аввал дар меҳмонхона беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Муҳити зебои соҳили Сирдарё ба ин маҷмааи истироҳатӣ шукуҳи бештар мебахшад. Роҳбарияти меҳмонхона тасмим дорад бо фароҳам овардани беҳтарин имкониятҳои хизматрасонӣ ба гирифтани унвони меҳмонҳонаи ситорадор тавассути баҳогузории худи мизоҷонаш шарафёб шавад.

Роҳбари вилоят зимни боздид  ҳолати кунунии чойхонаи “Сирдарё”-ро низ мавриди назар қарор дод. Дар воқеъ, эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ имрӯз тақозои замон аст. Халқи тоҷик бо маданияти бойи чойхонадории худ дар таърих мақоми хоса дорад. Дар ин замина, ба фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, ки рукни муҳими маданияти маҳалладории ниёгонамон ба ҳисоб меравад, дар вилоят таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Чойхонаи «Сирдарё», ки дар гузашта ҳамчун чойхонаи “Обком” маъруф буд, Соли 1979 сохта шуда, пас аз танаффуси тӯлонӣ, 5 сол қабл бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дубора мавриди истифода қарор гирифт.  Ҳамин тавр, чойхона ба тавозуни шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд ва пас аз таъмиру азнавсозӣ боз ба макони истироҳатӣ табдил ёфт. Чойхона, ки  дар канори дарёи Сир ҷойгир аст, манзараи хеле дилкаш дорад ва метавонад барои сокинон ва меҳмонони Хуҷанди бостонӣ чун макони фараҳбахши фарҳангӣ хизмат намояд. Чойхона метавонад дар як маврид барои то 100 нафар хизматрасониро ба роҳ монад. Ду намуди оши палав, чанд навъи кабоб ва 5 навъи хуроки аввалро 8 нафар пазандагони моҳири чойхона пешниҳоди дустдорони таомҳои миллӣ месозанд.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти чойхонаро уҳдадор намуд, ки корҳои азнавсозиро дар чойхона ба роҳ монда,  намои зоҳирии онро бо истифодаи нақшу нигори миллӣ ва рангубори  тоза ороиш дода, ҳамзамон дар саҳни он айвонҳои кандакоришударо бунёд намояд.  Ободонии бештари саҳну атрофи чойхона, тозаю озода ва дилкаш нигоҳ доштани иншооти ҳудуд ва сабзгардонии муҳити атроф аз вазифаҳои дигаре ҳастанд, ки роҳбарияти чойхона дар ояндаи наздик бояд ба иҷро расонад, то ки ҳар нафари ба инҷо омада бо худ таассуроти хотирмон ҳамроҳ барад.

Бахусус муйсафедон аз ин иқдом изҳори хушнудӣ мекунанд. Зеро чойхона барои онҳо макони асосии фароғату дидорбинии ҳамдигар ба ҳисоб меравад. Бо тавсия ва дастгирии роҳбари вилоят дар чойхонаи мазкур барои муйсафедони собиқадор ва иштирокчиёни ҶБВ чою ширинӣ ройгон пешниҳод гардида, дигар дастгириҳо низ ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳамин мавзеъ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр, раёсати ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии манзилию рифоҳиро супориши қатъӣ дод, ки соҳили дарёро аз партов ва дигар иншооти бемоҳият тоза карда, ҳолати санитарию экологии онро муътадил нигоҳ доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...