(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Дар иртибот ба санаи барои кишварҳои мо ва мардумонамон муҳим – 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ – бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар ҳолати рушди бемайлон дар шаклҳои мухталифи ҳамшарикӣ қарор доштанд.

То имрӯз заминаи боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, афзорҳои пешбурди самараноки онҳо эҷод гардидаанд, миёни кишварҳои мо муколамаи доимии гуногунсатҳи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами шомили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро фаро мегирад.

Натиҷаҳои муассири тайи чоряк аср ба шарофати саъю талошҳои муштарак бадастомада ба мо имкон дод, ки муносибатҳои байнидавлатиамонро то сатҳи шарикии стратегӣ боло барем.

Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон  дар ин маҷро итминони комил дорем ва омодаем, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати боз ҳам пурратар ба кор гирифтани иқтидори бузурги созандаи онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Ба Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич, сиҳатмандии комил, хушрӯзӣ ва комёбиҳои ҷадид дар масири таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Туркманистон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи хеш сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.

Дар овони баъд аз оғози робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва шарикии барои ҷонибҳо судманд рушди фаъол доштанд ва таҳкими бемайлони онҳо идома дорад.

Дарки он воқеият хурсандибахш аст, ки миёни чонибҳо манфиатдории муштарак ба идомаи минбаъдаи муколамаю ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи арсаҳо бар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва суди ҷонибайни мардумони дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Имрӯз давлатҳои мо аз рӯйи самтҳои зиёд бомуваффақият ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуҳлати кишварҳоямон аҳамияти бузург медиҳем.

Туркманистон азми онро дорад, то дар оянда низ робитаҳои аз санҷиши замон гузаштаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии миёни кишварҳоямонро рушду тавсеа диҳад. Итминон дорам, ки муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон минбаъд низ бар нафъи мардумони мо пайваста инкишофу тараққӣ хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сидқан саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон таманно намоям».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...