(15 овоз, миёна 3.40 аз 5)

Ҳамоиш: Ҳунар- беҳ аз симу зар!Бо мақсади тараққӣ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018–ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд.
Дар такя ба нишондоди Паёми навбатии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу зар! бо иштироки зиёди меҳмонон ва ашхоси касбу кори гуногун баргузор гардид. Ҳамоиш: Ҳунар- беҳ аз симу зар!

Дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд, анвои гуногуни ҳунар аз қабили қуроқдӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ бо маҳорати баланди дӯзандагӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Ҳамзамон нишолопазон, наводсозон, сандуқсозон, косибон, рассомон  ва ғайраҳо доир ба санъати омодасозии ҳунарҳои хеш маълумоти муфассал доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни боздид аз растаи намоиши ҳунармандон ба намунаи маҳсули эҷоди эшон мароқ зоҳир намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни сӯҳбат бо ҳунармандон  таъкид дошт, ки барои зиёд намудани анво ва теъдоди маҳсули ҳунарашон кӯшиш намоянд ва дар навбати худ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри муаррифӣ ва фаъол гардонидани бозори фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳо меандешад.

Сипас дар толори Кохи «Суғдиён» Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  «Дар такя ба иқдоми пешгирифтаи  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки силсилаи  зиёди чорабиниҳоро пиёда, ҳунарҳои мардумии Хуҷандшаҳрро эҳё ва ташаккул бахшад. Баргузории чорабинии имрӯз низ бо ин ҳадаф амалӣ карда мешавад».

Бо таъбири Раиси шаҳр баҳри дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гавҳорасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ ва косибӣ ҳамасола бо қарори Раиси шаҳр грантҳо таъсис дода шуда, дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ маблағи гранти Раиси шаҳр аз 65 ҳазор сомонӣ ба 120 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар идомаи ин тадбирҳои муҳим пайваста талош бар он меварзанд, ки коргоҳҳои истеҳсол ва дӯхти либосҳои миллӣ, аз ҷумла атлас бо усулҳои муосир дар шаклу намудҳои  мухталиф ба роҳ монда шавад ва ба туфайли он саноати сирф миллӣ ташаккул пайдо намояд. Ҳоло таваҷҷӯҳ ба ташкили курсҳои дӯзандагӣ афзун гардида, айни замон беш аз ҳазор нафар бонувону духтарон аз дарсҳои омӯзишии курсҳои таълимии касбӣ бархурдор гардидаанд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имрӯз дар ҳудуди шаҳр 5 маркази таълимии атласу адрасбофӣ амал мекунад. Танҳо дар соли 2017 аз ҷониби маркази адрасбофӣ 12000 метр адрас истеҳсол карда шудааст. Дар ин самт андешидани тадбирҳои муҳим барои тарбияи дӯзандагони касбии либосҳои қадимаву ҷадиди миллӣ тавассути атлас самараҳои шоистаеро ба бор оварда истодааст.

Ҳамоиш: Ҳунар- беҳ аз симу зар!Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки таваҷҷӯҳ ба тарбияи духтарон ва бонувони дӯзанда тавассути истифодаи атлас афзун гардида, бо баҳрабардорӣ аз маҳорати беназири онҳо беҳтарин дастовардҳои ҳунармандона рӯи кор хоҳанд омад. Ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ва он имкон фароҳам меоварад, ки мо ба анъанаҳои миллӣ ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи давлатдорӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон дар айёми бархурдҳои бузурги тамаддунҳои ҷомеаи муосир симои ҳақиқии як рукни муҳими миллиро ҷилвагар созем.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баромад намуда, аз мақому манзалати ҳунарманд ва қимати анвои эҷоди ҳунар андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷик аст. Қадршиносии маҳсули эҷоди ҳунармандон ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ моро боз ҳам шӯҳратёр мегардонад.

Ҳунарманд Фароғат Абдуллоева доир ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумат дар самти эҳёи ҳунармандӣ маърӯза намуд. Барномаи фарҳангии устодони санъати шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...