(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ, дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шуда, нашъунамои хуби онҳо таҳти назорат гирифта шавад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2014 Боғи Наврӯзгоҳ бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тозае зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудааст, аз ороишоти асосии ин боғ ба шумор меравад.

Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Аз ороишоти асосии дигари Боғи Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Дар Боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.

Аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Умуман Боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, Боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, Боғи ҷавонони пойтахт ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар баробари дарахтони ороишӣ имрӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд.

Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардид.

Сарвари давлат ба мутахассисон ва коргарони Боғи Наврӯзгоҳ, инчунин дигар боғдорон маслиҳат доданд, ки дар айёми камобӣ ба масъалаи яхобмонӣ ва нигоҳубини хуби дарахтон аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Имрӯз ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Боғи кӯдакон ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатиро бунёд карда, дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ҳамаи беш аз 90 иншооти бунёдшавандаи пойтахт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад.

Боғи кӯдакон дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Боғи Наврӯзгоҳ аз ҳисоби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи роҳбари Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода сохта шуда истодааст, ки имрӯз Сарвари давлат аз рафти корҳо дар онҳо ва дигар иншооти пойтахт, шинос шуданд.

Боғи кӯдакон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта мешавад, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад.

Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешавад.

Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва дар оянда кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳое, ки Сарвари давлат барояшон муҳайё мекунанд, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-2015” мебошанд. Дар иншооти мазкур беш аз 50 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти сохтмон супориш доданд, ки корҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад, то ин ки ин марказҳои фароғатӣ солҳои сол барои насли ояндасоз хизмат расонад.

Дар ноҳияи Шоҳмансур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддӣ барои пурра азнавсозӣ кардани Боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар майдони 8 гектар дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ин ҷо оянда дар асоси супориши Пешвои миллат майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси руйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта мешавад.

Боғи назди театр тибқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд то 1 сентябри соли 2018 дар арафаи ҷашни умумимиллии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки тайи қариб як соли фаъолияти пурсамар ва созанда бо ташаббус ва роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тозае ба худ гирифт. Дар як муддати кутоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузории якчанд чорабинии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дар назар аст. Бинобар ин ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи гарму самимии сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони воломақом, инчунин муаррифии сарзамини ободу биҳиштосои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соли нав доир кардани чунин тадбирҳои созандагӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...