20 Январ 2018
Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и шаҳри Хуҷанд қабул шуда, синфҳои 10-11-ро дар мактаб-гимназияи Пўлотов ба охир расонидааст. Соли 2004 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси «Маркетинг дар сектори аграрӣ», соли 2016 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намудааст.
Аз 4 майи соли 2010 дар Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба кор шурўъ кардааст. 1 марти соли 2012 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташкилоти ҷамъияти ҷавонон бо номи «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъин гардид.
Аз 20 феврали соли 2013 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд то замони таъин шудан ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд