(23 овоз, миёна 2.87 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешниҳод гардид

Субҳи имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вакилони конфронси 20-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд номзадии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилоятии  «Бофанда №2» пешбарӣ ва тасдиқ карда шуд.
Наим Маликисломӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баъди гузаронидани расмиёти конфронс иттилоъ дод, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 26 –уми декабри соли 2017 таҳти №265 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда, мо имрӯз имкон дорем, ки номзади худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» пешбарӣ намоем. Ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» номзад аз ҳисоби аъзои ҲХДТ Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда мешавад.
Сипас, 180 нафар вакилон ин пешниҳодро пазируфта, барои тасдиқи номзадии Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайси номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» райъ доданд.
Дар кори конфронс Мӯъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ, Хайринисо Темурова, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Абдусалом Ваҳҳобзода, сардухтури беморхонаи шаҳри №2, Абдунабӣ Халилзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигарон баромад намуда, аз кордонӣ, муваффақият ва фазилатҳои неки Маъруф Муҳаммадзода сухан ронданд. Зикр гардид, ки давоми роҳбарии Маъруф Муҳаммадзода дар шаҳри Хуҷанд силсилаи зиёди корҳои ободонӣ сурат гирифта истодааст. Маҳз кордонӣ, таҷриба ва лаёқати нодири Раиси шаҳр имкон дод, ки маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ободу хуррам ва тозаву ороста гардидааст. Минбаъд низ сокинони шарафманди шаҳри Хуҷанд дар канори Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода қарор гирифта, барои суръатбахшии соҳаҳои гуногуни шаҳр саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар анҷоми конфронс қарорҳои дахлдор ба тавсиб расид ва аз комиссияи ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд даъват ба амал оварда шуд, ки номзади пешбаришударо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2» ба қайд гирад.
Интизор меравад, ки интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии «Бофанда 2»-и шаҳри Хуҷанд санаи 25 –уми феврали соли равон сурат гирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...