(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машварати васеъи Раиси шаҳр бо роҳбарони макотиб ва кӯдакистонҳоИмрӯз дар толори Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати васеъи кории Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.
Нахуст аз натиҷаи санҷиши гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вазъи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагии омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, ҳолати китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю дафтарҳои кории  хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии №6, 9, №10  22, 23  ва 30 –юми шаҳр навор пахш карда шуд. Дар навори номбурда вазъи макотиби номбурда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода аз натиҷаи санҷиши гузаронидашуда маълумоти муфассал дод. Мудири маорифи шаҳр Илҳом Султонӣ доир ба омилҳои камбудиҳои ҷойдошта ва ошкорнамудаи гуруҳи корӣ иттилоъ дода, зикр дошт, ки барои бартараф намудани он аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Мудири маориф ҳамзамон дар бораи вазифаву ӯҳдадориҳои роҳбари мактаб маълумоти муфассал ироа намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни натиҷагирӣ аз мулоқот бо роҳбарони соҳаи маориф таъкид дошт, ки “Бо дарназардошти он, ки фардои миллати мо дар дасти ҷавонону наврасон аст, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ва ҳадафи аввалиндараҷаи соҳаи маорифи кишвар тарбияи шахсияти фаъолу созанда эълон шудааст. Мақсади олии Давлату Ҳукумати мамлакат аз вусъат додани раванди амалисозии ислоҳот дар соҳаи маориф, бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо бунёд кардани таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълим дар он аст, ки наслҳои ояндасози Ватани маҳбубамон соҳибмаърифат гарданд, аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир баҳравар шаванд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд”.
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки “Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, махсусан сатҳи зиндагии кормандони маориф ва илм аз  сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  мардуми  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар як корманди соҳаи маорифро зарур аст, ки баҳри пешбурди соҳа, тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дуруст ва самарабахш ба роҳ мондани равандитаълиму тарбия кӯшиш ба  харҷ диҳанд”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо назардошти нуктаву эродҳои зикргардида ва таклифу пешниҳодҳо баҳри рушди соҳаи маориф, корҳои созандагию ободонӣ, пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабӣ, барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илм, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва барномаю қарорҳои соҳаи маориф ва илм  чораҳои зарурӣ андешида шавад. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз омӯзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати хонандагонро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори  ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Сарварони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудан бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, оид ба масъалаи омодагии омӯзгорон ба дарс, тарзи либоспӯшӣ ва одоби муошират бо хонандагону волидон ва атрофиён  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо мақсади таъмин намудани рушди устувори соҳаи маорифи  шаҳр, ҷиҳати зиёд намудани саҳми  шаҳри Хуҷанд дар  пешрафти вилоят ва ҷумҳурӣ  вобаста ба иштироки фаъолонаи хонандагон ва омӯзгорони шаҳр дар озмунҳо, мусобиқаҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ чораҳои амалӣ андешида шавад. Вобаста ба эълон намудани соли 2018-“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр барои тарбияи зебоипарастӣ, касбомӯзии хонандагон аз қабили адрасбофию атласбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, рӯзғордорӣ ва дигар намуди касбомӯзии мардумӣ гӯшаҳои махсус ҷудо ва дар ин самт  чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, худкушӣ, нашъамандӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ғайриқонунӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳоро пурзӯр карда, интизому давомоти хонандагон зери назорати ҳамарӯзаи сарварони муассисаҳои таълимӣ қарор дода шавад. Масъулини соҳаи маорифро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии насли наврас, одобу муносибати неки духтарону писарон, маданияти оиладорӣ, ҳифзи истиқлолият, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии онҳо, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.Ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, бо дасту дили гарм ва дилсӯзона ба шогирдон муносибат намоянд. Насли наврасро тавре тарбия намоянд, ки бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.
Сипас, Хуршеда Атобоева, директори МТҲУ№13, Матлуба Муинова сарвари МТҒ “Гулчини маърифат”, Матлуба Мирзохонова роҳбари МТҲУ №20 ва дигарон аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳр истиқбол намуда, таъкид бар он доштанд, ки ҳамагон вазифаи  ҷонии хешро содиқона ба сомон расонем ва дар тарбияи наврасони ватандӯсту меҳнапарвар заҳмати софдилона намоем. Шаҳри Хуҷанд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти маданиву маърифатии кишвар намуна бошад ва дар ин самт саҳми роҳбарони соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми мулоқот аз роҳбарони соҳаи маорифи шаҳр даъват ба амал овард, ки зимни иҷрои вазифаҳои бар ӯҳдаашон гузошташуда пурмасъулиятона меҳнат намоянд.
Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар зудтарин фурсат озмуни шаҳрии “Муаллими беҳтарин” ва “Мураббияи беҳтарин”-ро байни муассисаҳои таълимӣ эълон намоянд ва дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳурӣ фаъолона иштирок кунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...