(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти ректорон бо хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳри ХуҷандБо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад.
Дирӯз дар Кохи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда иброз дошт, ки соли равон 48 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 11 мактабҳои хусусии шаҳри Хуҷандро 2445 нафар хатм менамоянд. Ҳамасола миқдори дохилшавии довталабони шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳии вилоят бештар аст. Солҳои охир бинобар таваҷҷуҳи хосса ба мактабу маориф, шумораи ғолибони олимпиадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби хонандагони шаҳри Хуҷанд афзуда истодааст. Мулоқоти имрӯза низ имконияти хубе аст, барои интихоби касби хатмкунандагон.
Дар баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов қайд шуд, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумат барои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон роҳҳои наверо барои пешбурди фаъолияти ҷавонон боз намуд.  Аммо ба андешаи ӯ ҳанӯз имкониятҳои зиёде дар ин самт мавҷуданд, ки бояд хатмкунандагон ба он тасмим гиранд.
Сипас Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ, Муъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ, Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ, Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Рауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд  ва Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд тавассути видеоролик ва слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз зикр шуд, ки теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба 4 ҳазор нафар расида, аз ин шумор беш аз ҳазор нафарро толибилмони шаҳри Хуҷанд ташкил мекунанд, ки худ шаҳодати он аст, ки хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ба донишкада таваҷҷӯҳи хосса доранд. Мавсуф дар идомаи гузориши худ аз ихтисосҳои нави ҷоришудаи донишкада -Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо сухан ронда таъкид дошт, ки довталабоне, ки ба ин ихтисосҳо дохилшуда метавонанд пас аз хатми курси дуи донишкада таҳсилашонро дар  Донишгоҳи бонуфузи Нижний Новгороди Федератсияи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Федератсия Русия гарданд. Ташкили маркази таҳсилоти фосилавии донишкада, ки тайи панҷ сол амал мекунад, барои донишҷӯёни берун аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд имконияти густурдаи таълимӣ медиҳад, то ҳам кор кунанду ҳам таҳсил намоянд.Устодон ва донишҷӯёни донишкада тайи ҳафт соли охир беш аз 90 шаҳодатномаи зеҳнӣ ва патент ба даст овардаанд, ки нишондоди хуб аст.
Хатмкунандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд дар фарҷом ба сарварони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хучанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...