(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайера изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

Зимни таҳлили фаъолияти ниҳоди мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дастовардҳо ҳамчунин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ аз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, набудани интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, аз роҳбарияти Кумита ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб намуданд.

Ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон рухдода собит намуданд, ки дар ин самт, яъне пурзур намудани интизом ва тақвияти неруҳои сарҳадӣ корҳои зиёде бояд ба анҷом расонда шавад. Аз шароити хизмат, машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии зиёд ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар як соли охир даҳҳо дидбонгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таълимгоҳҳо ва шароити зисту истироҳат бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Сол то сол таъминот бо яроқу техника ва дигар муҳимоти ҷангӣ хубтару беҳтар шуда, сафи мақомоти мазкур аз ҳисоби афсарони ҳирфавӣ пурра мегарданд.

Ба андешаи Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди мақомоти амнияти миллӣ истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба Ватан баргардонидани чунин афрод ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои амалӣ андешида, дар шароити таҳдидҳои гуногуншакли террористӣ, ки ҳамарӯза дар нуқтаҳои мухталифи сайера амалӣ карда мешаванд, роҳу усулҳои муборизаро низ тақвият бахшанд то тавонанд бо ин зуҳуроти нангин муборизаи беамон баранд.

Дар охири суханронӣ бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург-ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Дар ҷамъомади имрӯза бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров “Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-лейтенант”, ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев “Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор” ва ба Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Шомуддин Шарифов -“Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор” дода шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...