(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Брифинги Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба офати табии рухдода дар шаҳри ХуҷандДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки рӯзноманигорони телевизионҳои вилоят ва маҳаллӣ брифинги Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба ҳолати рафъи офати табиӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабл аз ҳама аз иншооти ҳаётан муҳим соҳаи тандурустиву маориф ва муассисаҳои дигари давлатӣ боздид ба амал оварда, аз вазъи ҳол аз наздик шинос гардиданд. Сипас фавран гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба самт ва кӯчаҳои муайян вобаста карда шуданд. Соати 7-и субҳ аллакай ситоди навбатии сайёр баргузор ва ба масъулин масъалагузории навбатӣ шуд. Гуруҳҳо бо мақсади омӯзиши амиқи зарари расидаи офати табиӣ ба 4 самти муайяни соҳавӣ равона карда шуданд. Баъди омӯзиши гуруҳи корӣ муайян гардид, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар шаҳри Хуҷанд 294 хонаҳои баландошёна, 16 муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 13 кӯдакистон, 2 муассисаи ислоҳотӣ, 2 қисми низомӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи касалиҳои сироятӣ, 4 истгоҳи барқӣ, зиёда 40 адад симчӯб, миқдори зиёди ноқили барқӣ ва ғайра зарари ҷиддӣ дидаанд. Хушбахтона талафот ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо дастур ва кӯмаки бевоситаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ гуруҳи махсуси Ширкати холдинги «Барқи тоҷик» фавран ба кӯмак расиданд. Дирӯз 90 фисади сокинони шаҳр бо барқ таъмин гардиданд. Имрӯз баъди таъмири истгоҳи «Ваҳдат» кӯшиши таъмини пурраи аҳолии шаҳр бо барқ роҳандозӣ карда мешавад. Дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ муаммо нест. Тамоми соҳаҳои коммуналии шаҳр шабонарӯз фаъолият намуда истодаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки хотири хешро ҷамъ намоянд, имрӯз тамоми имконоту шароит ва зиндагии шоиста аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муҳайё гардидааст ва мо дар якҷоягӣ диёри азизамонро боз ҳам ободу зебо ва хуррам мегардонем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...