(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ХуҷандСубҳи имруз Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшид ва ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Ба баррасии иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуд:
-дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2017;
-дар бораи тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2016 ва қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2018;
-дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд; -ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Темурмалик, №38 Тоҷибоев Аҳад Ҳакимович оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;
-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
-дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд;
-тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд.
Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2017  ҳисобот дода, аз ҷумла афзуд, ки “Дар партави Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳое, ки барои соли 2017 муайян гаштанд, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳамзамон, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли таърихии 2017 ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли 2017–Соли ҷавонон”, “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ”, ташкил ва гузаронидани “120 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд” дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ то имрӯз як қатор чораҳо амалӣ гардиданд”.
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки “Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин шавад, ки нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои ёздаҳ моҳи соли 2017 аз он шаҳодат медиҳанд”.
Зимни баёни фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳр, изҳор кард, ки бо эълон гардидани Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мақомоти иҷроия дар самти таъмини рушди инфрасохтори сайёҳӣ, тайёр кардани мутахассисон, инчунин дар заминаи иқдоми Сарвари давлат дар хусуси аз ҳама намуди андоз озод кардани ҳунармандоне, ки дар хона маҳсулот истеҳсол мекунанд, чораҳои муассир андешида мешаванд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии Инқилоб, №11 Умедахон Муродӣ, Гулистон, №15 Назокат Ёрматова дар музокираи масъалаи мазкур иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2016 ва қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2018 сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонзода маърӯза намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Дӯстӣ, № 25 Инъом Аминов оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи иловагӣ намуд.
Масъалаи сеюми рӯзнома низ муҳокима карда шуда, вакилон қарори дахлдор қабул карданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Темурмалик, №38 Аҳад Тоҷибоев  оид ба фаъолияти  вакилиаш ҳисобот дод ва аз ҷониби вакилон дар ин бора қарор қабул гардид.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома Раъно Ҳошимзода, раиси комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро ба самъи вакилон расонд.
Аз ҷониби вакилон пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул дониста шуда, дар ин бора қарор қабул гардид.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳр маълумот дод.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Чашма, № 40 Набиҷон Иброҳимзода, раиси  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи иловагӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар таҳхона-зербиноҳои истиқоматии сохташаванда барои бунёди варзишгоҳ ва мағозаҳо иҷозат дода нашавад. Аз ҷониби вакилон  дар ин бора қарор қабул гардид.
Масъалаи дигари рӯзнома оид ба тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои тасдиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021”, дар бораи моликияти давлатӣ, дар бораи ба фонди манзилии давлатӣ дохил кардани хонаҳои истиқоматӣ, дар бораи ба фонди манзили хизматӣ гузаронидани хонаи истиқоматии дар фонди давлатӣ қарордошта ва додани ордер, ҳамчунин қарорҳои Раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд ва ғайра муҳокима карда шуда, вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд сухан намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун,  суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, рушди сайёҳӣ,ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар ва мусоидат бо ҷои кори доимӣ, рушди меҳнати хонагии занон, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофон, сӯзанидӯзон ва адрасбофон, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни ҳунарҳои миллӣ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона сохта, бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои “Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ” тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Изҳори бовар намуд, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва фаъолони шаҳр чун  фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Роҳбарияти вилоят барои дастуру раҳнамоиҳои муфид ва таклифу пешниҳодоти созанда арзи сипос намуд ва бо баёни бартараф намудани баъзе муаммоҳо то ҷамъбасти пурраи соли 2017 ба масъулон, ба кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум хотима бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...