(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода варзишгарони беҳтарини шаҳрро қадршиносӣ намуд

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади қадршиносии ҳайати дастаи футболбозони мактаби варзишии №1 ва варзишгарони беҳтарини соли 2017 эшонро дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки «Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гардида, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки як қатор варзишгарони бонангу номуси шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф ширкат варзида, муаррифгар ва парчамбардори давлати тоҷикон гардиданд. Дар ин радиф бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи тақвимии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол байни наврасони  17 сола баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур ҳайати дастаи мактаби варзишии №1-и шаҳр иштирок намуда, дар байни 11 даста сазовори ҷои 2-юм гардид.
Маъруф Муҳаммадзода аз дастовардҳои намоёни варзишии шаҳри Хуҷанд дар соли 2017 ёдоварӣ намуда, таъкид сохт, ки варзишгар Мирзодалер Хуршедзода дар чемпионати ҷаҳон оид ба УШУ санаҳои 9-11 ноябр сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҳамчунин санаҳои 2-3 декабр дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 5 медали тилло гардид. Дар қатори чунин дастовардҳо варзишгарон оид ба намуди бокс Ҷамшед Ғафуров, Комрон Зоидов, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, варзишгарон оид ба қаиқронӣ Абдусаттор Ғафуров ва Гулнора Бобоҷонова ба нишондодҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, ки ин як нишондиҳандаи баланди варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Раиси шаҳр роҷеъ ба бунёду азнавсозии иншоотӣ соҳаи варзиш ва муҳайё сохтани шароити фаъолият ба варзишгарон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки “Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад. Дар арафаи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Маҷмааи фароғатию варзишӣ, барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар маҳаллаи Мевағул ифтитоҳ гардид. Барои бунёди маҷмааи мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи умумии 180 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки сол аз сол барои беҳтар намудани базаи моддиву техникии мактабҳои варзишии шаҳр, бунёд ва азнавбарқарорсозии толорҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд диққати махсус дода шуда истодааст. Дар ин радиф баҳри таъмиру таҷдиди бинои маъмурӣ ва ҳавзи шиноварии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ 300 ҳазор ва ба варзишгоҳи Спартак 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷет ҷудо гардид. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон сохтмони бинои маъмурӣ дар  Мактаби варзишии №1 ба охир расида истодааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастгирӣ ва ҳавасманд намудан ба варзишгароне, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, соли ҷорӣ бори нахуст стипендияҳои номии Раиси шаҳри Хуҷанд барои варзишгарон таъсис гардида, дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барои 20 нафар супорида шуд.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайати дастаи футболбозони Мактаби варзишии №1, варзишгарони беҳтарин, аз қабили Хуршедзода Мирзодалерхон, варзишгар оид ба намуди ушу Ғафуров Ҷамшед, варзишгар оид ба намуди бокс, Сафиаллоҳӣ Муҳаммадалӣ, варзишгар оид ба намуди ҷиу – ҷитсу, Зоидов Комрон, варзишгар оид ба намуди бокс, Ғафуров Абдусатор, варзишгар оид ба намуди қайиқронӣ, Бобоҷонова Гулнора, варзишгар оид ба намуди қайиқронӣ,  Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ, варзишгар оид ба намуди бокс  ва масъулини соҳа аз ҷумла Хуршед Ҳомидов, директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзиши №1»-и шаҳри Хуҷанд,  Аҳрор Ғафуров, мураббӣ оид ба намуди футбол ва Зафар  Ҳотамов, мураббии оид ба намуди футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзиши №2»-и шаҳри Хуҷанд тӯҳфа ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Хуршед Ҳомидов, директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзиши №1»-и шаҳри Хуҷанд ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати дастгирии доимӣ ва мусоидат дар ҳалли муаммоҳои соҳа миннатдорӣ баён намуда, аз Раиси шаҳр даъват ба амал овард, ки дар ифтитоҳи қарибилвуқӯъи бинои нави мактаби варзишии шаҳр бинои нав иштирок варзанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин Хуршедзода Мирзодалерхон, варзишгар оид ба намуди ушу, Абдусамад Самадов варзишгар оид ба намуди футбол барои муҳайёи шароити мувофиқ ва дастгирӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...