(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Давоми рӯзҳои охир аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштани Саидиброҳими Назар дар сархати сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, ҳар тоифа онро аз зовияи хеш бозгӯйӣ намуда истодаанд. Оид ба ин масъала Додоҷони Атовулло тавассути Фейсбук аз худ «дарак» дод. Додоҷони Атовуллоҳ дар Фейсбук хабари бозгашти Саидиброҳими Назарро "шикасти Кабирӣ” унвон карда, навиштааст, ин узви собиқадори ҲНИТ "аз сиёсатҳои "каҷ дору марез" - и раисашон норозӣ буд... 
Додоҷони Атовулло Саидиброҳими Назарро як мӯҳраи калидӣ дар ТЭТ ҲНИТ ном бурда, навиштааст, ки "интизор меравад, ки ба ӯ бисёре аз наҳзатиҳои норозӣ мепайванданд.”
Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Саидиброҳими Назар, бозгашти ӯ аз Эронро ба Тоҷикистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки Саидиброҳими Назар 4 рӯз пеш баргашт ва дар ин рӯзҳо мавриди фишори мақомот қарор нагирифтааст. 
Манбаи "Азия Плюс” дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтааст, мақомот ба Саидиброҳими Назар даъвое надоранд ва касе дар фикри боздошти ӯ нест. Ба гуфти ин манбаъ, «Саидиброҳими Назар баъди интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дигар бо ТЭТ ҲНИТ алоқа надошт ва моҳи сентябри соли 2015, дар рӯзҳои ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар Эрон буд». 
Фоҳишасомонаи "Ахбор” (зеро ин сомона матлабе надорад, ки моли худаш бошад) шоми 27 ноябар дар бораи бозгашти Саидиброҳими Назар хабар дода афзудааст, ки ӯ ҳафтаи гузашта ва бо ихтиёри худ аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштааст. «Сабаби ин тасмим ва шарту шурути бозгашти Саидиброҳими Назар эълон нашудааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон низ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд»- афзудааст ин расона. 
Аз нигоҳи ман минҳайси як нафари аз набзи ҷомеа огоҳ, бозгашти С. Назар ба он ишора мекунад, ки номбурда баъд аз ҳаводиси охир (манзурам кӯшиши табадуллоти давлатӣ аст), ки парда аз симои манфури ТЭТ ҲНИТ бардошта шуда, аҳдофи муғризонаи онҳоро барои тамоми ҷаҳониён рӯнамоӣ гардид, воқеан ҳам аз мавқеъгириҳои қаблиаш пушаймон шуда бошад. Аҷаб нест, ки аз ин хиёнату зиштӣ, бешарафиву бевиҷдонӣ хаста шуда бошад. Барои чунин хулосабарорӣ асос низ ҳаст. Зеро Саидиброҳимро ки то чанде пеш дар «домон»- и Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш «азми намоз гузоштанро дошт», ин «бузургон» хеле моҳирона гул заданд. Шояд С Назар кунун дарк намудааст, ки наҳзатиҳо нафароне нестанд, ки «бо онҳо ба разведка рафтан шояд». Вале ба ҳар сурат, «сари кафида зери тоқӣ» ва «туф кунам ба болои худам меафтад» гуфтагӣ барин, хомуширо ихтиёр карда, хама аламҳои дилашро нагуфта буд. Ба ибораи дигар, С Назар то замон «ноларо пинҳон дармекашид». Кунун, ки симои аслӣ ва аҳдофи наҳзатиҳо пурра ҳувайдо ва ошкор шуд, «сина»-аш гуфт, ки «ман танг омадам фарёд кун»… 
Аз ҷониби дигар, аҷаб нест Саидиброҳим пурра дарк намуда бошад, ки дини ислом барои роҳбарони ТЭТ ҲНИТ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надоштанд. Шояд…
Фаъолони ТЭТ ҲНИТ, ки «аз асп фаромад бошанд ҳам, аз узангу фаромданӣ нестанд» сафсата гуфтаанд, ки «Саидиброҳими Назар ҳарчанд аз аъзои собиқадори ҳизб буд, вале дар солҳои охир дар ин ташаккули сиёсӣ мақоми баланде надошт ва баъди ҳиҷраташ ба Эрон дар фаъолиятҳои ҳизбӣ ширкат надошт ва узви Шӯрои иҷроия низ набуд. Онҳо ба ин далел мегӯянд, бозгашти Саидиброҳими Назар осеби ҷиддие ба фаъолиятҳои ҲНИТ нахоҳад расонд».
Сарфи назар аз он ки наҳзатиҳои террорист барои ба фоидаи худ шарҳ додани ин қазия чӣ афсона мебофанд, воқеият ин аст, ки:

Онро рӯзгор нагирад ба ҳар гуноҳ,
Чун ҷамъ шуд гуноҳ, худогир мешавад!

Илҳом Саидов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...