(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои Шӯрои ҷамъиятиро бо масъалаҳои баррасишаванда ошно намуд.
Нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяясар Сангинова  оид ба ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣМавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки “Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294, қарори Раиси вилоят аз 03.09.2014, № 383 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар шаҳри Хуҷанд”,  ба тавсиб расид. Оид ба иҷрои қарори мазкур, шӯъбаи кор бо занон ва оила, баҳри танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила барои ошкор,  пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу  шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ҳадафи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19 марти соли 2013, № 954 ) аст, фаъолияти хешро ба роҳ мондааст”.
Муяссар Сангинова афзуд, ки “Дар доираи татбиқи нақша – чорабинии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорон озмун аз рӯйи номиннатсияҳои  “Беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ”, “Беҳтарин ролики иҷтимоӣ” ва “Беҳтарин маводи чопӣ” эълон намуд. Озмун то санаи 10 декабри соли 2017 ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофот, диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида мешавад. Тибқи аз рӯзноманигорон бояд то санаи 1 декабри соли 2017 маҳсули эҷоди худро инъикос ва нашр намуда, онро ба ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод намояд.Ҳамчунин шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии маркази иҷтимоӣ ҳуқуқии “Сарчашма” семинар – тренингҳо барои ҷавонон, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии барҳам хӯрдани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳамзамон дар оила тарбия гирифтани насли наврас мегузаронанд”.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи  давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва озмуни эълонгардидаи  “16 рӯзи мубориза алайҳи  хушунат” шаффоф натиҷабардорӣ карда шавад.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣСипас аз рӯйи масъалаи дуюм мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба мавзӯи “Дар бораи  татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи “Соли 2017- Соли ҷавонон” маърӯза намуд.
Мавсуф зикр дошт, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб  рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Хуҷанд барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон дар шаҳр 4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 3 омӯзишгоҳҳои касби техникӣ ва 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хизматрасонии таҳсилотиро ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар ҷавонони синну соли 14-29 сола таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳр 10 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо барои беш аз 5000 нафар ҷавонону наврасон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин дар шаҳр 4 муассисаҳои фарҳангӣ-таълимӣ фаъолият менамоянд, аз онҳо 2 мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, ки дар он наздик 1500 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, нозукиҳои санъати тоҷик, мусиқи ва рассомиро меомӯзанд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 260 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин,  бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад”.
Бахтиёр Исматҷонов афзуд, ки “соли ҷорӣ 13 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла 4 майдончаи футбол бо алафи сунъӣ дар маҳаллаи Суғдиён ва 1 майдони футбол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ,  1 майдончаи варзишӣ дар Коллеҷи тиббӣ, 1 майдончаи варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва толори варзишии замонавӣ бо майдончаи теннис дар мактаби хусусии “Гулчини Маърифат” 1 Маҷмааи фароғатию варзишӣ, барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар маҳаллаи Мевағул,  майдони футбол бо алафи сунъӣ дар шафақи Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, толори варзишӣ, майдони футбол бо алафи сунъӣ ва дар мактаби нави замонавӣ ва майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар маҳаллаи Темурмалик мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин бом, бинои маъмурӣ ва ҳавзи шиноварии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ пурра таъмиру таҷдид карда шуд. Варзишгоҳи “Спартак” таъмиру таҷдид карда шуда, толорҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир гардида, ба соли хониши нав омода карда шуданд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон сохтмони бинои маъмурӣ дар  мактаби варзишии №1 идома дорад”.
Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 180 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохӯриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 142 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сайёҳону меҳмонон баргузор гардиданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ пешниҳодоти мушаххас дар партави эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ироа гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузориҳои мушаххас ва тарҳрезии нақша-чорабиниҳо ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...