(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Интерпол (Interpol) Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ соли 1956 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Айни замон 194 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ин ташкилот мебошад. Вазифаи асосии ташкилот ҳамоҳангсозии муборизаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Дар сохтори ҳар давлати аъзои Интерпол Бюрои миллии марказии Интерпол  таъсис дода шуда, фаъолияти сохторро бо Котиботи генералии ин ташкилот ҳамоҳанг месозад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин ниҳод чӣ вазифаю уҳдадориҳо дорад? Барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ, чӣ тадбир меандешад?  Доир ба ин ва дигар масоили умдаи рӯз суҳбати ихтисосии шореҳи масъалаҳои ҳуқуқии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Додоҷон Рӯзиев бо сарвари ин ниҳод генерал - майор Абдуғаффор Азизов пешкаши хонандагон мегардад.
- Шояд дар ибтидои суҳбатамон дар бораи ваколату вазифаҳои Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар маълумот медодед?
- Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳим ба ҳисоб рафта, доир ба масоили эълон намудани ҷустуҷӯи байналмилалӣ нисбат ба ҷинояткорон, ашхоси беному нишон ғайбзада, ҷасадҳои дарёфтгардидаи номаълум, инчунин ҷустуҷӯи воситаҳои нақлиёти рабудашуда, ашёҳои аҳамияти таърихидошта ва антиқӣ, чораҳои мушаххас меандешад. 
Дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳайати шахсии бюро дар кушодани ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, пешниҳод намудани  ахбори дорои аҳамияти оперативӣ  ва дигар самтҳои фаъолият, ки мақомоти корҳои дохилӣ пеш мебарад,  вазифадор карда шудааст.

- Айни замон чанд нафар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд ва онҳо ба кадом категорияи ҷинояткорон дохил мешаванд?
- Дар ҳолати имрӯза аз тарафи БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2528 ҷинояткор ба махзани иттилооти Котиботи генералии Интерпол ворид карда шуда, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳо, мавриди пайгард қарор гирифтаанд.

- Аз теъдоди умумии зикрнамудаи шумо, чанд нафарашро аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ ташкил медиҳанд ва аз тарафи аъзои ин ҳизби мамнуъ боз кадом намуди ҷиноятҳо содир шудаанд?
- Аз шумораи умумӣ - 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафараш аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ мебошад. Онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, тибқи  моддаҳои 179 (терроризм), 186 (бандитизм), 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 185 (ташкили воҳидҳои мусаллаҳ), 306 (ғасб намудани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани экстремизм), 313 (исёни мусаллаҳона) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.
Мувофиқи маълумотҳои мо дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин, дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста мешаванд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ 1610 ҷиноят содир шудааст. Ҳизбе, ки ҳангоми фаъолияти расмиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебурд, аъзои он ба чунин ҷиноятҳои ниҳоят мудҳиш ва нанговар даст задаанд.

- Тартиби эълон намудани кофтуков чӣ гуна сурат мегирад ва оё рӯйхати шахсони мавриди пайгард қарордошта дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Интерпол мавҷуд аст?
- Баъди ба махзани иттилоотӣ ворид шудани маълумоти зарурӣ оид ба шахси кофтуковшаванда, кормандони мо асноди мавҷударо бори дигар пурра меомӯзанд, сипас маълумоти заруриро ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда, фавран тавассути системаи махсус ба Котиботи генералии Интерпол ирсол менамоянд.
Дар навбати худ, котибот маълумотро ба тамоми намояндагони давлатҳои узви Интерпол барои эълони кофтуков равон менамояд. Ҳамзамон, маълумот нисбат ба ҷинояткор бо расмаш дар гӯшаи «Шахсони кофтуковшаванда» гузошта мешавад. Шакли эълони кофтуков ду намуд аст: ошкоро ва пӯшида. Шакли эълони ошкороро ҳама шаҳрвандон дар сомонаи расмии Интерпол (www.interpol.int) дида метавонанд. Шакли пӯшидаи эълони кофтуков махфӣ буда, танҳо кормандони Интерполи давлатҳои аъзо ба он дастрасӣ доранд.

- Сабаб чист, ки баъзан номи роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйхати кофтуковшавандагони Интерпол, ки дар интернет нашр мегардад, бардошта мешавад? Магар ӯ дар кофтуков нест?
- Ин хабар асос надорад ва овозаҳо низ бепояанд. Тавре  дар боло зикр кардам, шакли эълони кофтуков ду намуд мешавад. Баъзе  аъзои фаъол ва роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ расман дар шакли пӯшида мавриди  кофтуков  қарор доранд ва аз ин рӯ, рӯйхати мазкур на ба ҳама дастрас аст.
Дар асоси далелҳои боэътимод пурра собит шудааст, ки Кабирӣ ва дигар роҳбарону фаъолони ҲНИТ дар табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои  ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 - юми июни соли 2016 - ум, 14 узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ  барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, исёни мусаллаҳона, терроризм ва маблағгузории он гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд. Маҳз бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои зикршуда М. Кабирӣ ва баъзе ҳамдастонаш дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.

- Ба андешаи шумо ҳадафи аслӣ дар кӯшиши анҷоми табаддулоти давлатӣ, ки шаби 4 сентябри соли 2015 сурат гирифт, аз чӣ иборат буд?
- Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеаро пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки шанси охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Ин ошӯби душманона ва мусаллаҳонаи ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳалим Назарзода, бо дастгирии худи мардуми Тоҷикистон  аз тарафи мақомоти қудратии кишвар пахш карда шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ ҳадафи душман барбод дода, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон безарар гардонда шуд.
Қаблан низ дар тӯли фаъолияташ ҲНИТ ба ҷуз ихтилофу ҷудоиандозӣ дигар кору амали манфиатоваре ба нафъи давлату миллат ва халқ анҷом надода буд. Бо мурури вақт мақсадҳои душманона ва дар оянда хатар доштани фаъолияти ин ҳизбро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон дарк намуда, қисмати зиёди аъзои ин ҳизб онро тарк карданд. 
Барои мардуми Тоҷикистон чеҳраи аслии ин ҳизби ифротӣ ошкор гардид ва 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон гардид.

- Аз нигоҳи шумо, аъзои боқимондаи ҲНИТ барои ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ хатарҳое метавонанд дошта бошанд?
- Фикр мекунам, агар фаъолияти ҲНИТ сари вақт боздошта намешуд, такрори пайомадҳои  солҳои 90 - ум аз ҷониби он бар сари миллати тоҷик овардашуда имконпазир мегашт. Вале ҳоло ин гурӯҳ ягон хатаре дошта наметавонад, ба ҷуз барои ёфтани луқмаи ноне халқу миллати худро дар назди бегонагон сиёҳ кардан. Ман бо итминон гуфта метавонам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар ҳаргиз ба фиреби ин гурӯҳ, ки соли 1992 мардумро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид, намеафтад.

- Вобаста ба маълумоте, ки шумо доред, ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ аз куҷо сарчашмаи молӣ мегирифт ва баъди аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудан аъзои ин ташкилот дар куҷо паноҳ мебарад ва аз куҷо дастгирии молӣ меёбад?
- Чи дар вақти фаъолияти расмӣ ва чи баъд аз он,  маълум буд, ки ҲНИТ мунтазам аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешавад. Барои сокинони Тоҷикистон пӯшида нест, ки он кишварҳое, ки маблағгузорӣ мекарданд, имрӯз низ аз боқимондаи аъзои ҲНИТ пуштибонӣ доранд.
Суиқасд ба сохти конститутсионӣ, ки  4 сентябри соли 2015 аз ҷониби ҲНИТ рӯйи даст гирифта шуда буд, маҳз аз хориҷа тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ шуд. Ҳоло аз рӯйи маълумоти мавҷуда аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ дар яке аз давлатҳои Аврупо қарор дошта, аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ то ҳол дастгирии молӣ меёбанд. Филми ба наздикӣ таҳиякардаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзури омма гардид, пардаро аз рӯйи ин хоҷагон бардошт ва ман  зарурати тафсири такрории онро намебинам. Дар ин филм ҳақиқат, воқеият пурра ошкор гардидааст ва он беҳтарин далел барои ташкилоти террористии ҲНИТ ва пуштибонони хориҷии он аст.

- БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгир намудани аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, чӣ чораҳо меандешад?
- БММ Интерполи ВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аъзои комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалии Интерпол шуданаш, дар соли 2004-ум бо 194 давлати аъзои ин ниҳод муносибати хуб дошта, пайваста дар ҳамкории зич қарор дорад. Бо гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи ҷойи қароргирифтаи шахсони дар кофтуковбуда БММ Интерпол фавран бо Котиботи генералии Интерпол дар тамос шуда, чорабиниҳои мақсаднок баҳри боздошт намудани ҷинояткорон мегузаронад. Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои мо муяссар гашт, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд. Инчунин, ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад. Дар самти боздошт ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани аъзои фаъоли ҲНИТ мо бо як қатор давлатҳо гуфтушунид дорем ва умед ҳаст, ки ин робитаҳои мо натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд дод.

- Шумо зикр кардед, ки БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо 194 давлати ҷаҳон ба роҳ мондааст. Гуфта метавонед, ки ин ҳамкориҳо дар кадом сатҳ қарор доранд ва модоме ки муносибатҳо хуб бошанд, барои дастгир намудани аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИТ, хусусан роҳбарони он, чӣ мушкилӣ ҷой дорад?
- Дар ҳақиқат, БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи намояндагони узви Интерполи давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории зич дорад ва инро дар ҳама ҷаласаву конфронсҳо таъкид медорем. Бо вуҷуди ин, ҳастанд намояндагиҳои баъзе давлатҳо, ки сиёсати духӯраро пеш гирифта, бо сабабҳои ба мо номаълум, ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорон ва террористону экстремистон кӯшиши зарурӣ зоҳир намекунанд. Албатта, боиси таассуф аст, ки аъзои чунин як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба ҷинояткорону террористон  минбар медиҳанд.
Маҳз ба ҳамин далел ишора намуда, 26 сентябри соли 2017, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, зимни ҷаласаи 86-уми Ассамблеяи генералии Интерпол вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳама паҳлуҳои ҳамкориҳоро дар ин самт таъкид намуданд ва изҳор доштанд, ки «Мутаассифона, гоҳо, бинобар холигӣ дар қонунҳо ва тамоюли сиёсӣ имконият медиҳад, ки ҷинояткорон баъди содир намудани ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин  ва террористию экстремистӣ ба хотири раҳоӣ аз ҷавобгарӣ фирор намуда, қатъи назар аз он, ки дар рӯйхати кофтуковшавандагони Интерпол қарор доранд, дар дигар давлатҳо паноҳ бурда, озодона гашту гузор менамоянд».
Як нуктаро таъкид намуданиам, онҳое, ки хиёнат ба давлату миллат мекунанд, ҳадафҳои душманонаи хоҷагони хориҷиро дар ватанашон пиёда карданӣ мешаванд, агар имрӯз не, ҳатман фардо  дастгир шуда, дар назди қонун ва халқу миллати тоҷик  ҷавоб  хоҳанд гуфт. Зеро мувофиқи моддаи 31-уми Оинномаи Ташкилоти байналмилалии Интерпол, давлатҳое, ки узви ин ташкилот ҳастанд, бобати иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда бояд ба таври доимӣ ва устувор ҳамкориро ба роҳ монанд ва уҳдадоранд, ки кори худро софдилона иҷро намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...