(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" ошноӣ пайдо карданд.

Пешвои миллат бо усули корӣ дар гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ шинос шуда, бо ташкилкунандагони ин навъи гармхона суҳбат оростанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он маҳсулот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок парвариш ёфта, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ нашъунамо меёбад. Қобил ба тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд.

Феълан дар ин гармхона парвариши меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шуда, тибқи мушоҳидаҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар оянда дар ин гармхона парвариши ҳама гуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад.

Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ 1800 метри мураббаъро ташкил дода, ҳамзамон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Дар дохили гармхонаи лимӯпарварӣ масъулин бо усули муосир қаҳвахонаи хурд бунёд кардаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 4,5 миллион сомониро ташкил дода, дар он 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар дохили гармхона тарабхонаи муосир, маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва ташхисгоҳи наву замонавӣ сохта шудаанд. Молу маҳсулоти гармхона ва дигар лавозимоти корӣ дар мағозае, ки дар ҳудуди иншооти мазкур бунёд ёфтааст, ба фурӯш бароварда мешаванд.

Роҳбарияти корхона ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона синфхонаи махсуси омӯзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникаӣ омӯзонида мешаванд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" намунаи хонаҳои истиқоматии дуошёнаи камхарҷ ба Пешвои миллат муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, хонаҳои мазкур аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳамин корхона омода гардида, ҳам камхарҷ ва ҳам гарминигоҳдорандаанд. Барои сохтмони ин навъи хонаҳо плитаҳои минералӣ, ки аз нахҳои базалтӣ омода мегарданд, истифода мешаванд.

Дар ин рӯз дар шафати гармхона сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ, ки барои сохтани хонаҳои истиқоматии камхарҷ истифода мегарданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Сехи мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ бо хати муосири истеҳсолӣ таъмин карда шудааст. Маҳсулоти коргоҳи мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда минбаъд ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар маҷмӯъ барои сохтмони гармхонаи таҷрибавӣ, намунаи хонаҳои камхарҷ, сехи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ободонии гирду атрофи мавзеи мазкур бештар аз 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" харҷ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷамъияти номбурда дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон соли 2000-ум бунёд ёфта, ба истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва нахи базалтӣ машғул мебошад. Ба роҳ мондани фаъолияти гармхонаи инноватсионӣ қадами навбатие буд дар роҳи густаришу равнақ додани фаъолияти корхона. Бо ташкили гармхонаи мазкур теъдоди кормандони ҷамъият ба 200 нафар расонида шуд.

Сарвари давлат ду маротиба-солҳои 2012 ва 2014 аз корхонаи "Элегант" дидан намуда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани сехи истеҳсоли сангҳои ороишиву истеҳсоли нахҳои базалтӣ иштирок карда буданд.

Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имконияти хуб мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз густариш ёфтани фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...