(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОмӯзгорони муҳтарам ва падару модарони арҷманд!
Фарзандони азиз!

Дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳимми таърихи навини кишварамон, яъне биступаҷсолагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорида шудани мактаби навбунёди замонавӣ барои фарзандони сокинони шаҳри Хуҷанд нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба рушди маориф, ба камол расонидани насли ояндасоз ва туҳфаи арзандаи идона ба кӯдакону наврасони даврони истиқлолият мебошад.

Ба ин муносибат ҳамаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва шумо - устодону омӯзгорони гиромӣ, фарзандони азиз ва ҳозирини арҷмандро табрик мегӯям.

Бо дарназардошти он, ки фардои миллати мо дар дасти ҷавонону наврасон аст, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ва ҳадафи аввалиндараҷаи соҳаи маорифи кишвар тарбияи шахсияти фаъолу созанда эълон шудааст.

Аз ин рӯ, илова ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон, яъне наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои пешқадами маорифи милливу умумибашарӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор доранд.

Мақсади мо аз вусъат додани раванди амалисозии ислоҳот дар соҳаи маориф, бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо бунёд кардани таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълим дар он аст, ки наслҳои ояндасози Ватани маҳбубамон соҳибмаърифат гарданд, аз дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир баҳравар шаванд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи сохтмони мактаби имрӯза ҳанӯз дар соли 1986 тасдиқ гардида, сохтмони он аввали солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шуда буд.

Вале баъдан бо сабабҳои маълум сохтмони мактаб қатъ гардид. Танҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ бунёди мактаб аз нав ба роҳ монда шуд ва чунонки мебинем, бо заҳмати бунёдкорону мутахассисони тоҷик имрӯз боз як мактаби зебои замонавӣ дарҳои худро барои хонандагони шаҳри Хуҷанд дар остонаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд.

Дар мактаби нав 1300 нафар хонанда дар як баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва 72 нафар омӯзгорони баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз кормандони соҳаи маориф азму талоши доимӣ ва заҳмати пайвастаро талаб менамояд.

Хусусан, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудан, эътибори аввалиндараҷа додан ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомӯзии шогирдон ва дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия кардани онҳо вазифаи касбиву виҷдонии устодону омӯзгорон ба шумор меравад.

Барои татбиқи амалии ин ҳадафҳо зарур аст, ки ҳамаи роҳбарону масъулон, падару модарон, инчунин, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд нисбат ба соҳаи маориф ғамхор бошанд, ба масъалаи тарбияи фарзандон, соҳиби донишу маърифат ва одобу ахлоқи ҳамида гардидани онҳо ҷиддӣ муносибат кунанд, дар амри фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари таълим, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои пешқадами ҳозиразамон ва лавозимоту ашёи хониш саҳм гузоранд.

Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Суғд дар баробари бахшҳои дигар, инчунин, соҳаи маориф низ пайваста рушд карда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Дар вилоят ба хотири ҳавасмандгардонии устодони навовар ва толибилмони болаёқат, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҷоизаҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки чунин иқдом, бешубҳа, боиси дилгармӣ ба кори таълиму тарбия мегардад.

Соли равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро 35 ҳазор нафар хонандагон хатм намуда, қариб 20 ҳазор нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта хеле зиёд мебошад.

Аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар довталабон сазовори номи донишҷӯй гардидаанд, ки ин рақам низ дар муқоиса бо натиҷаҳои соли гузашта зиёд буда, дар миқёси мамлакат нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.

Асоси ҳамаи ин дастовардҳо, албатта, заҳмати софдилонаи омӯзгорони эҷодкору навовар, аз ҷумла фаъолияти хастанопазири ҳар яки шумо, устодони соҳибфазилат мебошад.

Мактаби нави имрӯза ва умуман, ҳамаи амалҳои созандагие, ки мо то имрӯз анҷом додаем, меваҳои шаҳдбори истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Зеро агар мо соҳиби истиқлолу озодӣ намебудем, дар кишварамон сулҳу оромӣ поянда намешуд, ватанамон рӯ ба ободӣ намеовард, зиндагии осуда насибамон намегардид ва чунин иншооту биноҳои назаррабо қомат намеафрохтанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр, яъне бунёди ин боргоҳи илму дониш ва махзани маърифат саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, пешниҳод мекунам, ки ба муассисаи таълимии имрӯза мақоми мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дода шавад.

Дар баробари ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳри Хуҷанд супориш дода мешавад, ки барои дар солҳои 2018 - 2019 ба истифода додани ду бинои истиқоматии нуҳошёна барои омӯзгорон ва ду бинои хобгоҳи чорошёна барои хонандагоне, ки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят ба ин мактаб ҷалб мешаванд, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати дар ҳудуди мактаб бунёд намудани ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки то охири соли оянда бо мақсади пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасони маҳаллаи Темурмалики шаҳр як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 1300 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, ба истифода супоранд.

Вазифаи шумо, фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки дар фазои орому осудаи Ватани азизамон аз имкониятҳои фароҳамсохтаи давлату Ҳукумат ҳарчи пурраву самаранок истифода баред, барои иҷрои масъулият ва қарзи фарзандии худ, яъне аз худ намудани илму донишҳои муосир азму талош варзед, касбу ҳунар омӯзед ва оянда дар ободии Тоҷикистони маҳбубамон ҳиссаи арзандаи худро гузоред.

Шумо бояд бо масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми волидайну калонсолон, устодону омӯзгорон ва арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан намунаи ибрати ҳамсолони худ бошед.

Дар иҷрои ин амалҳои хайр, ки фардои ободи ҷомеа аз он вобаста мебошад, давлату Ҳукумат ба шумо, устодону омӯзгорони арҷманд эътимоди комил дорад, зеро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, дар навбати аввал, мактабу муаллим нақши муҳим дорад ва чунонки борҳо таъкид карда будам, шумо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон маҳсуб меёбед.

Итминони комил дорам, ки бо нерӯи созанда ва эҷодгари шумо – омӯзгорону устодони муҳтарам мо ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки сазовори номи неки давлату миллати тоҷик мегарданд ва дар ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми шоиста мегузоранд.

Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна мушкилот ва дар ин замина, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми шарафмандамон саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Бори дигар ҳамаи шумо - устодону шогирдони муассисаи таълимии навбунёд, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони ватандӯст ва бонангу номуси шаҳри бостонии Хуҷандро бо ҷашни мубораки 25-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи боз як даргоҳи илму маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба насли ояндасозамон саломативу хушбахтӣ ва камолоти маънавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша шоду сарбаланд бошед!

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...