(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон”Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 - ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, себи биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

Дар Боғи миллӣ ба ҳолати то 1 - уми ноябри соли 2017 шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 66 ҳазору 840 бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 354 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.

Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин бошад, гармхонаҳои парвариши лиму сохта шудааст.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбуйи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.

Аз ин ру зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Пешвои миллат ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

Ҳамин тавр дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи Дӯстӣ, Боғи Рӯдакӣ, Боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ ва дигар боғҳои пойтахт дарахтони ороишӣ бурда шинонанд.

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дода шуд. Таъкид карда шуд, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои рушди боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои меваҳои содиротӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад. Тавре мушоҳида мегардад, солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст.

Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон солҳои охир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешавад.

Танҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо боғҳои интенсивӣ бунёд шудааст.

Боғҳои калонтарини ҷумҳурӣ, ки бо иштироку иқдоми бевоситаи Пешвои миллат ва бо саҳми ҳазорҳо нафар меҳнаткашони мамлакат бунёд шудаанд;-

“Боғи миллии Тоҷикистон” соли таъсисёбиаш 2006 - ум, “Боғи 15 - солагии Истиқлолият” соли таъсисёбӣ 18 феврали соли 2006 дар шаҳри Ҳисор”, “Боғи Ваҳдати миллӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 20 марти соли 2008, “Боғи Истиқлол” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 26 марти соли 2011, “Боғи 3000 - солагии Ҳисор” 1 марти соли 2014, “Боғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” - и ноҳияи Хуросон 23 феврали соли 2016, “Боғи 25 - солагии Истиқлолият” дар шаҳри Ҳисор 25 феврали соли 2016 ва боз даҳҳо адад боғҳои интенсивӣ, ки меъморашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ин иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аз як ҷониб барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар баҳри истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи кишвар ва барои гирифтани даромади хуби иқтисодии кишвар ва мардум манфиатовар мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...