(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода: «Зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин гардидааст»

Имрӯз бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва кормандони мақомоти умури дохилаи шаҳр ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик дар театри мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди ворид намудани Парчами миллӣ ба толори театр ва садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кормандони мақомоти корҳои дохиларо бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад. Маъруф Муҳаммадзода: «Зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин гардидааст»

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.
Ба таъбири Раиси шаҳр «Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад».
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон тавсиф намуда, таъкид сохт, ки «Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз даврони ташкилёбии он дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд».
Маъруф Муҳаммадзода кормандони милитсияро фидоии давлату миллат арзёбӣ намуда, аз ҷоннисориҳои эшон ёдоварӣ карда гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  дар шаҳри Хуҷанд низ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 26 нафари онҳо ҷони азизи худро нисор намудаанд, ки номи онҳо дар таърихи милитсияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Ёди ин абармардони шаҳид ҳамеша ҷовидон дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни суханронии шодбошии худ ба муносибати Рӯзи милитсия изҳори умедворӣ намуд, ки аз хизматчиёни қаторӣ то афсарони баландрутба минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба 16 нафар кормандони фаъоли милитсияи шаҳр Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин тибқи фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РКД –и вилояти Суғд  ва ШКД-и шаҳри Хуҷанд ба 271 нафар кормандони милитсия ифтихорномаву тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ, ба 20 нафар собиқадорон ва 15 нафар оилаҳои собиқ кормандони милитсия тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Бо фармоиши сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба як қатор кормандони фарҳанг низ Сипосномаҳо супорида шуд.
Барномаи фарҳангии фарогири сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...