(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Суханронӣ дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин АйнӣҲамватанони азиз!

Имрӯз дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва сокинони пойтахти кишварамон–шаҳри Душанбе боз як рӯйдоди муҳим ба амал омад.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғати ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш бо ҷашни мубораки миллиамон – бистусеюмин солгарди қабули бахтномаи миллат –Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон баробар омад.

Ба ин муносибат ҳамаи сокинони пойтахт ва шумо –ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ин иқдоми ватандӯстона, яъне таҷдиду азнавсозии боғи ба номи устоди бузурги сухан дар айни замон нишонаи эҳтиром ва самимияти мардуми тоҷик ба шахсиятҳои барҷастаи миллат мебошад.

Басо рамзист, ки таҷдиду азнавсозии боғ дар арафаи 140-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ, ки моҳи апрели соли оянда таҷлил хоҳад гашт, сурат мегирад.

Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст.

Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд.

Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».

Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард.

Мақолаҳои ӯ ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардиданд.

Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд.

Устод Айнӣ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони куҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.

Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт.

Маҳз аз баракати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи васеи хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо китоби басо арзишманди устод Айнӣ « Намунаи адабиёти тоҷик» шинос шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона кардаанд, ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии мо табдил ёфтааст.

Таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод низ дар доираи ҳамин сиёсат амалӣ гардид.

Мехоҳам таъкид намоям, ки бо иқдоми имрӯза мо бори дигар рӯҳу равони ин фарзанди бузурги миллати худро шод гардонидем.

Тавре ки дида мешавад, корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилоят ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтаанд.

Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фарғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос менамоям.

Онҳо дар арафаи ҷашни Конститутсияи мамлакат ба сокинони пойтахт туҳфаи дар ҳақиқат арзанда омода кардаанд, ки боиси таҳсину офарин мебошад.

Минбаъд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубин кардану ба роҳ мондани фаъолияти доимии он эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеъи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки миллати мо аз қадим ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин маъруф аст ва мо вазифадорем, ки ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳо, ҷодаву хиёбонҳо ва маҳалли зисти худ, махсусан, пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе эътибори ҷиддӣ диҳем.

Зеро пойтахт ойинаи давлат, муаррификунандаи симо ва сатҳи фарҳангу маърифати миллат мебошад.

Итминони комил дорам, ки сокинони пойтахт, аз ҷумла аҳли зиё, ҷавонону занони фаъол, соҳибкорону тоҷирон минбаъд низ дар кори хайри ободонии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон саҳми ватандӯстона ва арзишманди худро мегузоранд.

Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати ифтитоҳи Боғи ба номи устод Айнӣ ва ба ифтихори ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба ҳар фарди бонангу номуси Ватан дар амалӣ шудани ниятҳои неки ободонии сарзамини аҷдодиамон муваффақият орзу менамоям.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...