(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ” Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ нахуст аз болои муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукуҳро мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ҷо бо иштироки шоира Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеъи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд. Мақбара бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, дар он нақшу нигори миллӣ ба таври моҳирона ҳаккокӣ карда шудааст. Масоҳати умумии мақбара 160 метри мураббаъ буда, роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудааст.

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукуҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон, ва қаҳвахона мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеъи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаҳои гуногун дастур доданд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгу буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ ҳамчунин 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилоят ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ қомат афрохт ва солҳои охир масъалаи таъмиру азнавсозии он ба миён омада буд.

Бо дарназардошти таъмирталаб будани он бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва бори дигар аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намуданаш, амалӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ сазовор донистанд ва имрӯз бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи Асосгузори адабиёти муосири точик ин ҷо қарор дорад, руҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун амалӣ гардидааст. Якчанд хиёбону кӯчаҳо ва муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтааст. Калонтарин Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтааст.

Акнун Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ба як мавзеъи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт. Имкон аст, ки минбаъд дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат дар ин марказ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи муосири устод Айнӣ бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...