(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядСубҳи имрӯз дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2017 бо иштироки роҳбарони сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки “Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, корхонаҳои саноатии шаҳр, мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳои калону миёнаи саноатӣ ба 155 адад расид. Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебояд Маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бо назардошти тақсимоти барқ, газ ва об нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,8 миллион сомонӣ, ё 22,4 дар сад афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 693,3 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 66,7 дарсад, ё ба маблағи 75,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Илова бар ин, бо роҳи ворид намудани технологияҳои муосири истифодаи нерӯи барқашон каммасраф дар истеҳсолот, номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти шустушӯи кимёвӣ, ноқилҳои барқӣ, маҳсулотҳо аз резина, ранг ва қумпардозии минералӣ, коркарди санг ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда, онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол шуда, ба 15 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Инчунин баҳри рушди ҳадафҳои стратегии соҳаи саноат аз ҷониби 5 корхонаҳои саноатии шаҳр, ки бо коркарди нахи пахта фаъолият менамоянд ба миқдори 3192 тонна нахи пахта коркард  шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1626,8 тонна, ё худ 2 маротиба афзудааст. Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядБо раванди чунин корҳои созандагӣ дар давраи ҳисоботӣ барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкилшуда зиёда аз 55,3 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст. Дастовардҳои ноилгаштаи нишондиҳандаҳои ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоии ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 103,4 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 103,7 фоиз таъмин шуда, аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 8,3 миллион сомонӣ ва 3,6 миллион сомонӣ маблағ зиёд ба буҷет ворид гардидааст”.
Раъно Ҳошимзода афзуд, ки “Раванди бунёдкориву созандагӣ яке аз рисолатҳои шаҳрвандии мо ба ҳисоб рафта, дар ин самт бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 115,8 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 86,4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд. Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомон расида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 58,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Умуман, дар ин давра зиёда аз 15 адад иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошанд. Ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар давраи ҳисоботӣ 1072 адад аризаю мактубҳо ворид гардид, ки аз онҳо 424 адад ариза оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, 447 адад ариза оид ба вобаста намудани қитъаи замини иншооти хусусигардонида шуда, 116 адад аз дигар корхонаю ташкилотҳо, 35 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, 29 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз кумитаи идораи замини вилоят бошад 21 ададро ташкил медиҳад. То имрӯз, бо назардошти солҳои пешина 3037 нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шудаанд. Умуман, дар ин давра 55384 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядМавриди тазаккур аст, ки бо қарорҳои дахлдор ва бо хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ ба 20 нафар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру вилоят аз заминҳои навбунёди маҳаллаҳои 14 ва 15 -уми шаҳри Хуҷанд ба ҳар оила ба масоҳати 600,0 м2 ҷудо карда шуда, илова барин бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 30 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд аз шаҳраки навбунёди “Сайхун” қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 600,0 м2 ба ҳар як оила ҷудо карда шудааст”.
Маърӯзагузор дар самти ободониву хуррамгардонии шаҳри Хуҷанд давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дода, таъкид сохт, ки “Дар қадди кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 557 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, 68,7 ҳазор дона карнайгул, 107 дона буттагули палма, 47,2 ҳазор дона гулҳои садбарг, 65 ҳазор дона виола ва  4,8 ҳазор дона дарахтони сояафкан қад оростанд. Барои корҳои аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар, хобонидани мумфарши хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, ҳамвор намудани ду тараф ва миёнаҷои роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо ба маблағи 1151,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Дар ин давра бо ҳаҷми умумии 2447 тонна асфалти гарм 22110 метри мураббаъ роҳҳо мумфарш карда шуда, аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 5500 м2 сафолакпӯш гардиданд. Ҳамзамон ба масофаи 514 метр корҳои рехтани девораҳои қадди роҳ дар хиёбони 25 солагии Истиқлолият, ба масофаи 10578 метр рангубор намудани қадди роҳи маркази шаҳр ба сомон расонида шуда, 24 адад намои биноҳо рангубор карда шуда, 76 адад даромадгоҳҳо таъмир карда шуданд. Дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 адад фурузонакҳои каммасраф, 8388 метр ноқилҳои барқӣ, 2530 дона чароғҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ ва 7 адад қуттии ҳисобкунак иваз ва насб карда шуданд. Аз ҷумла дар кӯчаю хиёбонҳои Камоли Хуҷандӣ, Истиқлол, Рифъат Ҳоҷиев, дохили  маҳаллаи 8-ум силсилаи зиёди корҳои ободонӣ, чароғонкунӣ, мумфаршгардонӣ ба анҷом расонида шуд, ки ба ҳусни шаҳр қабои нав зам намуд.Ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистонгузаронӣ 12635 метри квадратӣ таъмири боми хонаҳои истиқоматӣ ба иҷро расонида шуда, қубурҳои обу ташноб ба дарозии 2520 метр иваз карда шуда, 171,1 м2 тирезаҳо оинабандӣ карда шуданд. Умуман, барои ташкилотҳои соҳаи коммуналӣ барои хизматрасонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ зиёда 19,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.Дар тамоми соҳаҳо 2884 адад ҷойҳои нави корӣ, бо назардошти фаъолияти соҳибкорӣ таъсис ёфта, музди маоши миёнаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр ба 1218,44 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта, 116,4 сомонӣ, ё 10,6 дар сад афзоиш ёфтааст”.
Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядРаъно Ҳошимзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд роҷед ба дастовардҳои соҳаи маориф гуфт, ки “Соли равон Муассисаи таълимии хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят беҳтарин муассисаи таълимӣ эълон карда шуд ва барои дастовардҳои арзандаи толибилмон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  сазовори мукофотҳои пулӣ гардид. Дар соли таьсили 2016-2017 Олимпиадаи байналмилалӣ - фосилавӣ аз фанни математика  («Кенгуру» давлати Фаронса) дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он беш аз 435 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуданд. 28 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла 3 нафар соҳиби медалҳои тилло, 10 нафар соҳиби медалҳои нуқра ва 15 нафар соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 62 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 18 нафар соҳиби ҷойи аввал, 11 нафар соҳиби ҷойи дуввум, 8 нафар соҳиби ҷойи сеюм, гардиданд. Ҳамчунин 12 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 11 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд».
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба камбудиву норасоиҳо  аз роҳбарони соҳаи дахлдор пурсшд ба амал овард. Аз ҷумла, аз сардори кумитаи нозироти андоз Мунаввар Раҷабов роҷеъ ба иҷро нашудани бархе намуди андоз, аз мудири маориф Илҳом Султонӣ доир ба вазъи зимистонгузаронӣ дар макотиби шаҳр, аз Мӯъмин Муҳаммадзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноат ва Садриддин Исомаддинӣ, сардори раёсати омор оид ба камфаъолии бархе корхонаҳои саноатии шаҳр, аз комиссариати ҳарбии шаҳр Абдушаҳид Ниёззода ва раисони кумитаи маҳаллаҳо роҷеъ ба ҳолати сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки дар самти иҷрои дастуру супоришҳо  муҳлатҳои муайян гузошта шудааст.
Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок ва баромад намуда, доир ба нишондиҳандаҳои асосии вилоят маълумот дода, ҳамзамон аз фаъолони шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки дар самтҳои муайян фаъолиятро пурзӯр намуда, баҳри ободониву гулгулшукуфии маркази вилоят саҳми назаррас гузоранд. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаи ҷадиди саноатӣ, мусоидат намудан ба соҳибкорон, боло бурдани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ғайраҳо дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузориҳои мушаххас ва муайян намудани мӯҳлати иҷрои он ба ҷаласаи фаъолон ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...