(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сафари кории  Пешвои миллат дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд. Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти мамлакат бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, ин бунёди ҳазорон гектар боғи нав ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ мебошад. Танҳо дар заминҳои Хоҷагии фермерии “Асадулло” солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд.
23 феврали соли 2016 дар Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо иштироки Сарвари давлат дарахтони себ ва 4 марти соли 2017 дар 6 гектари ҳамин боғ 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуда буд.
Аз бештар аз 200 гектар боғи интенсивии себ 80 гектараш дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” шинонида шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ беш аз 200 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда  меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд.
Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.
Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст. Ҳамчунин бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагӣ 60 оилаи занбур дастрас карда шуд. Дар ҳудуди хоҷагӣ ду сардхонаи калон бо иқтидорҳои 300 ва 1000 тонна мавҷуд аст. Айни ҳол меҳнаткашони хоҷагии фермерии “Асадулло” ба ҷамъоварии ҳосили олу, себ, челон ва ангур машғул мебошанд ва ба хотири талаф наёфтани ҳосил онро дар сардхонаҳо нигоҳубин менамоянд.
Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои парвариши на танҳо зироатҳо, балки барои рушди боғу токпарварӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” дар саросари кишвар бо дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна бомаром идома дорад.
Дар маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ бо иштироки ҳазорон нафар мардуми меҳнатқарини ҷумҳурӣ ҳамасола дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти кишвар бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст.
Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ бомаром идома дорад. Дар гушаву канори ноҳияҳои пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои гуногун шинонида мешавад, ки ба симои марказҳои фарҳангию истироҳатӣ таровати тоза мебахшанд. Ҳамаи ин тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ки аз аҷдодони пурифтихор ба мо мерос мондааст, бо роҳнамоию ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегирад ва он аз завқи баланди зебоипарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...