(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат созгори ғояҳои инсондӯстии МавлоностМавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207- 1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.
Ӯ дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳанги форсизабон, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон мавқеи беназир ва ному симои оламгири худро ба мо мерос гузоштааст.
Он суханвари мумтоз, донишманд ва сӯфии бузург тавонистааст “баҳрро дар кӯза” ғунҷонад ва “пилла-пилла то мулоқоти Худо” ба мо роҳ кушояд. Ду асари гаронбаҳо ва беназири ӯ- “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир” ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд. “Маснавӣ”- и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  шомили он қадар дониш ва маълумотест, ки дар баробари як донишгоҳ метавонад ба хонанда таълим бидиҳад ва ҳатто бештар аз он, зеро ҳар нафаре, ки ин асари беҳамто ва безаволро мехонад, воқеан он қадар огоҳӣ аз оламу ҳаёт, инсону замин, илму адён, таъриху фалсафаву табиат, рӯҳияи амиқи инсонӣ, андешаҳои амиқи илмиву ирфонӣ, панду андарзу ҳикмати ҷовидонӣ, завқу маҳорати сухан ва суханварӣ… ва ғайраву ғайра метавонад дарёб кунад. “…Дар он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолуддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи маввоҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва танавуъи амсоли он  аст ва аз ин ҳайс дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри “Маснавӣ” набошад.” (Алии Даштӣ).
Дарку фаҳмиши амиқи ин асари бемисл танҳо ба касе даст медиҳад, ки огоҳии комил аз фарҳанги исломӣ ва ошноии ҳамаҷониба аз зарофатҳои хоси забони суханварони бузурги форсиро дошта бошад. Ба замми ин, донистани таъриху фалсафаи Шарқ, тафаккури исломӣ, хусусан ирфони тасаввуф барои фаҳмиши андешаву нуктаҳои борик ва боз гардидани гиреҳҳои пурпечутоби ин асари баландпоя ногузир аст. Истифодаи Мавлоно аз маъхазҳои  бешумори (беш аз 150 маъхаз) хаттиву шифоҳӣ, илмиву адабиву динӣ дар таълифи ин асар ва дар баробари ин берун нарафтан аз ҳадафи асосии худ, эҷодкориҳои фавқулода  ва дурахши ҳунару истеъдод, шахсияти фурӯзони худро нигоҳ доштану ҷилвагар намудан аз вежагиҳои дурахшон ва бесобиқаи ин асар аст. Ин аст, ки Ҷомии бузург дар ситоиши “Маснавӣ” гуфтааст:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест Пайғамбар, вале дорад китоб!

Чунин баҳоро ягон шоири дигар ва асари дигар дар адабиёти классикии мо сазовор нагардидааст.
Асари дигари бузургу беҳамтову оламгири Мавлонои Балхӣ “Девони кабир” дарёест беканор, ки аз тамоми қуллаҳои баланди илму ҳикмату маонии олам рӯдҳои саршор бар он рехта, ин дарёро шодобу саршор аз фазилат, ишқу меҳри инсонӣ гардонидаанд.
“Мисли дарёст, оромиши он зебо ва ҳаяҷони он мафтункунанда аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз кафк, пур аз бод аст. Мисли дарё рангҳои бадеъи гуногун дорад: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё оинаи осмон ва ситорагон ва маҳали таҷаллии ашъаи офтоб ва моҳ ва офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракат ва ҳаёт лабрез аст ва дар зери зоҳири сайқалӣ ва ором дунёе пур аз тапиши ҳаёт ва талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад. Девони Шамс девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотуми тӯфонист. Девони Шамс инъикоси як рӯҳи ғайриором ва пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазба аст.
Нахустин хусусияте, ки аз ашъори Ҷалолуддин ба чашм мехӯрад ва ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър гӯяд, мехоҳад эҳсосоти гунг ва мубҳами худро бигӯяд. Ӯ “гунги хобдида аст” ва хоби худро мехоҳад бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе дасту по мезанад ва ин дасту по задан ба сурати калимоти мавзун ва хушоҳанг дармеояд. Ба қавли худи ӯ:

Ҳама ҷӯшам, ҳама мавҷам, сари дарёи ту дорам.” (Алии Даштӣ)

Осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва  аз ҷиҳати теъдоди чоп дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст.
Хуҷастагиҳои осори бегазанди Мавлоно аз ҷониби бузургтарин олимону шарқшиносони дунё мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор доштааст ва ин хуҷастагиҳо хеле зиёданд. Мавлоно дар осори бегазанди худ масъалаву мавзӯъҳоеро  мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст, ки  дар моварои рӯзгори инсоният ҳамеша  пешорӯи ӯ вуҷуд доштаанд ва имрӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталабу изтиробангези ҷомеа ва башарият  мебошанд. Яке аз ин масъалаҳо масъалаи ягонагии инсонҳо, ваҳдати ҷомеа ва сулҳу дӯстист.    “ Мо барои васл кардан омадем”,- мегӯяд Мавлоно. Ӯ ҳанӯз дар замони худ бар алайҳи тафриқаву зиддиятҳои инсонӣ, хусусан зиддиятҳои диниву мазҳабиву мафкуравӣ, нифоқу ҷудоиандозиҳои мазҳабиву динӣ ғояи “Инсони комил” ва  назарияи “Сулҳи кулл”-ро роҳандозӣ ва пайгирӣ карда буд. Андешаҳои ҷомеасозу ваҳдатписанди Мавлоно аҳли кулли мазҳабу равияҳои давронро ба дарёфту шинохти ҳақиқати дин ва Худои ягона раҳнамоӣ мекунанд. Таълимоти Мавлоно Руму Эрону Шому Миср, Синду Чину Мочинро дар замони худаш бо унвони “Мавлавия” фаро гирифта, то имрӯз идома доранд. Дар замони зиндагии Мавлоно аҳли дину мазҳабҳои гуногун дар ин таълимот ҳаммаслаки Мавлоно буданд ва аз назарияи “Сулҳи кулл”- ӯ дастгирӣ мекарданд. Ва рӯзе, ки ҷанозаи Мавлоноро аз кӯчаҳои Куния мебурданд, мусулмону насронӣ, габру яҳудиву буддоӣ ҳама аз пайи тобути ӯ равона буданд. Мавлоно тавониста буд бо ғояҳои баланди инсондӯстонаи худ нифоқу тафриқаҳои мазҳабиро барҳам занад ва ҳамаи намояндагони дину азҳобу қавму миллатҳои мухталифро дар зери ғояҳои башардӯстона ҷамъ оварад. Зеро барои Мавлоно инсон, мақому манзалат ва шарафу эътибори ӯ болотар аз ҳама сохтаву бофтаҳои одамӣ буд:

Чӣ тадбир, эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусулмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!..

Бубинед, имрӯз дар асри бисту як башарият боз ҳам ниёз ба ягонагиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати кулл дорад ва табиист, ки ғояву андешаҳои Мавлонои башардӯст имрӯз ҳам дар пешгоми ҳаракат барои сулҳу осоиши дунё метавонанд қарор дошта бошанд. Назарияи “Сулҳи кулл”-и Мавлоноро имрӯз симои дурахшони дигар, фарзанди барӯманди ҳамин  сарзамине, ки Мавлонои Балхиро ба олам додааст- Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи хоси худ  амалӣ намудаасту бо иқдомҳои нав ба нави башардӯстонаи худ боз ҳам онро пайгирӣ менамояд ва тавсеа медиҳад.
Имзои созишномаи сулҳи байни тоҷикон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки аз ҷониби Сарвари кишварамон тарҳрезиву амалӣ карда шуд, як падидаи наву нодир ва ибратбахш дар сиёсати ноороми ҷаҳони муосир гардид, ки ҳамчун ҳосили сиёсати оқилона  ва андешамандона дар ҷаҳони муосир аз ҷониби тамоми кишварҳо эътироф гардид.
Мисли ин ки Сарвари хирадпешаи мо ин байти Мавлоноро сармашқи кори худ карда буд:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.

Ва аз хусуси он, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро метавон дар бисёр кишварҳои гирифтори даргириҳо, барои барқарор кардани ваҳдат ва сулҳу осоиш дар он кишварҳо истифода кард, шахсиятҳои сиёсии маъруф изҳори назар карда буданд. Аммо гумон мекунам, барои амалӣ кардани таҷрибаи сулҳи тоҷикон мисли Сарвари тоҷикон роҳбари далеру ҷоннисор ва соҳибхирад низ бояд дошт.
Ғояҳои башардӯстонаи Мавлонои Балхӣ дар иқдомҳои дигари Сарвари кишвари тоҷикон дар ҷаҳони муосир низ идомаву такмил меёбанд. Аз ҷумла, тамоми иқдомҳои Пешвои миллати тоҷикон дар арсаҳои байналмилалӣ, талошҳои пайгиронаи ӯ барои ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи табиат; яке аз мушкилтарин муаммоҳои ҷаҳони муосир ва мушкилтарин мушкилии инсоният: оби тоза ва тағйироти глобалии иқлими ҷаҳонӣ далели гуфтаҳои болоянд. Ин ки Пешвои миллати мо мехоҳад тамоми инсониятро ба саргаҳи оби зулол орад, ин ки ӯ накҳату файзи обҳои зулоли кишвари моро пайғоми сулҳу ваҳдати башарият менамояд  ва аслан ин сиёсати дарҳои кушод ва майли дӯстиву бародарӣ бо ҳама сокинони  сайёра низ ҳам аз ботини инсодӯстонаи ӯ ва ҳам аз таълимоти башардӯстонаи гузаштагони некманиш ва хайрхоҳу поктинати мо сарчашма мегиранд.
Метавон бо суханони Мавлавии бузург ин андешаҳоро ҷамъбаст кард:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.

Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин суханҳо имрӯзӣ нестанд ва ба дарди мо ва мардуми сайёра намехӯранд?
Он инсон, “инсони кулл”, ки Мавлоно онро меҷӯяд ва тарғиб мекунад, дар орзуи дидори ӯст, армони башарият аст. Инсоне, ки дар ин замони таҳдиди фоҷиаҳо ба сайёраи Замин, дар замони тағйироти глобалӣ ва таҳдидомезе, ки бар сари инсоният омадааст, бояд оқибат зуҳур кунад ва рисолати инсонии худро иҷро намояд.

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!
Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!…
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,
Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малӯламу инсонам орзӯст!
Гуфтанд: “Ёфт менашавад, ҷустаем мо!”
Гуфт: “Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!”…
Оё ин ҳам армони башарияти имрӯз нест?

Яъне Мавлоно, сухани ӯ беш аз ҳар замоне имрӯзист ва метавон ин суханҳоро шиори мардуми мо дар роҳи худшиносии миллӣ ва раҳнамои мардуми олам дар роҳи ормонҳои бузурги инсонӣ кард. Бузургдошти Мавлоно, ки ҳар сол дар  Рӯзи Мавлоно  ҷашн гирифта мешавад ва дигар бузургдоштҳои нобиғагони миллати тоҷик, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ кардаанд, моро ҳидоят ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, пуштибонӣ аз Ватани муқаддас ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиамон менамояд.

То карони бекарон
Сад ҷаҳон дар як ҷаҳон овардааст,
Ломаконро бар макон овардааст.
Безабониро забон бахшидааст,
Бенишониро нишон овардааст.
Болу пар бар одамӣ бахшидааст,
То карони бекарон овардааст.
То вуҷудашро кунад тири Худо,
Қоматашро чун камон овардааст.
Аз ҳазорон ман яке мо сохта,
Ин аноҳоро инон овардааст.
Тори ҷонҳоро наво бахшидааст,
Баргҳоро бар забон овардааст.
Ин чӣ эъҷоз аст, баъди асрҳо
Боз ҳам худро ҷавон овардааст.
Бо самоъе шӯру сози ишқро
Аз замин то осмон овардааст.
Дар фурӯғи ишқ бо сози Худо
Хешро то ҷовидон овардааст.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...