(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри қадими Хуҷанд тозаҷавонӣ дорадХуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷӯҳи бисёр олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст. Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаҳои он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънияш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" қариб 3 ҳазор сол  муқаддам зикр шудааст. Пас, метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад.
Устод Садриддин Айнӣ дар очерки мухтасари худ "Тирози ҷаҳон" навиштаанд, ки "Дар замонаҳои қадим роҳи савдои Хитой ва Эрону Аврупо аз болои ин шаҳр буд. Дар ҷанубу шарқии ин шаҳр қаторкӯҳҳои сероб ҳастанд, ки сойи Хуҷанд аз он шорида, шаҳр ва ноҳияро бо об таъмин мекунад. Як тарафи ин шаҳрро Сирдарё ба шакли моҳи нав печонида гирифтааст, ки ин ҳам ба ҳусни табиии ин ҷо яке барчанд афзудааст. Дар канори рости дарёи Сир кӯҳҳои пурмаъдани Муғулу Қурама воқеанд. Аз ин ҷойҳо қалъагӣ, рӯҳ, маргимуш ва дигар маъданҳои пурқимат ва рангҳои камёб мебароянд.» Ана, ҳамин ҳолати табиӣ аз замонаҳои қадим Хуҷандро яке аз ободтарин ва пурсарваттарин шаҳрҳои Осиёи Миёна гардонида буд.
Фарзандони фарзонаву обрӯманди Хуҷанд, амсоли Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо тадқиқоту кашфиёти пурарзиш, шоир ва мутафаккири бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо асарҳои безавол, Маҳастии Хуҷандӣ бо шеърҳои дилпазир, Шайх Маслиҳатдин бо мақому манзалат ва обрӯю эътибори бузурги хеш ин шаҳрро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд.  Хуҷанди бостонӣ дар гузашта низ маркази фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар даврони шӯравӣ Хуҷанд аз ҳама ҷиҳат рӯ ба тараққӣ ниҳод. Солҳои 30-юм дар Хуҷанд мисли шаҳрҳои марказӣ биноҳои боҳашамату азим қомат афрохтанд. Дар ҳудуди шаҳр якчанд заводу фабрика ва комбинати абрешим амал мекард. Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М.Киров таъсис ёфт. Шаҳри  Хуҷанд соли 1936 бо таклифи сокинони шаҳр Ленинобод номгузорӣ шуд. Соли 1990  дар натиҷаи раъйдиҳии умумихалқӣ ва қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи қадимаи Хуҷанд аз нав барқарор карда шуд.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тамоми сокинони  шаҳр ва  хоҷагии халқ барои ҳимояи ватан меҳнат доштанд. Корхонаҳои саноатӣ барои эҳтиёҷоти фронт абрешим, матоъ, пойафзол, консерв ва намудҳои гуногуни маводи ғизоӣ мефиристоданд. Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо хуҷандиён ба муқобили душман каҳрамонона ҷангиданд. 2 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гашт?
Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ иқтисодиёти шаҳр хеле боло рафт. Даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо суръати баланд сохта шуданд. Дар байни муҳимтарин сохтмонҳои асосӣ ва иҷтимоии ин давра навбати дуюми комбинати абрешим, заводи автоматии истеҳсоли бетон, заводи калони механиконидашудаи шир, фабрикаи мебелбарорӣ, бинои нави истеҳсолии фабрикаи либосдӯзии № 2, Хонаи алоқа, Театри мазҳакавӣ-мусиқавии ба номи А.С.Пушкин (имрӯз ба номи Камоли Хуҷандӣ), Универмаги марказӣ, кӯпруки оҳану бетониро зикр метавон кард. Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ низ бо суръати баланд пеш рафт. Торафт микроноҳияҳои нав, кӯчаю хиёбонҳои васею базеб қомат меафрохтанд. Соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, маориф, ҳифзи сиҳатии омма, хизматрасонии маишӣ, илм, фарҳанг торафт нашъунамо ёфтанд.
Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, Хуҷанди бостонӣ боз ҳам рӯ ба пешравӣ ниҳод. Баргузории  Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба  барқарор шудани хоҷагии харобгаштаи ҷумҳурӣ таҳкурсии устувор гузошт.
Хуҷандиён ҳам дар радифи сокинони ҷумҳурӣ шукри истиқлоли Ватан мекунанд. Ифтихор доранд, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоии кишвар ҷаҳду талош доранд. Мардуми шаҳр имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззам фаъолият бурда, аз рӯзгори орому осуда ҳарф мезанад ва пайи ободии диёр талош меварзад. Дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии диёр дигаргуниҳои куллӣ ворид месозад.
Шаҳри Хуҷанд солҳои охир  дар иҷрои барномаҳои давлатии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам корҳои ободонию созандагӣ миёни дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешсаф аст.
Коршиносон иброз медоранд, ки  шаҳри Хуҷанд авҷи бунёдкориро ба ин суръату ҳаҷм ва иқтидор дар ҳеҷ давру замон надидааст. Давоми 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати меҳнати босамари сохтмончиён шаҳри қадимаи Хуҷанд аз нав ҷавон гардид ва симои нав ба худ касб кард. Барои мунаққаш гаштани симои Хуҷанди бостонӣ саҳми Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, ҶСК «Сохтмончӣ-1», ҶСП «Сомон-Суғд», ҶДММ «Евростройсервиз», ҶДММ «Ширкати сохтмонии Хуҷандсоз»,ҶДММ «Шаҳрсохтмон» ва амсоли инҳо калон аст.
Ба истиқболи 20-солагии истиқлолият дар соҳили рости дарёи Сир Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар назди пули ҷашнии 2500-солагии Хуҷанд фаввораи зебо сохта шуд. Меҳмонхонаи «Эҳсон», тарабхонаи «Суғдиён», «Маркази шуғли аҳолӣ» қомат афрохт. Соли 2006-ум ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев Нишони давлатии Тоҷикистон, бинои нави Бонки «Эсхата», Майдони «Регистон» дар шафати Масҷиди Шайх Маслиҳатдин, гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шарқ, Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилоят, шуъбаи дуюми диспансери касалиҳои ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ дар Беморхонаи вилоятӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бинокорон ҷашни 20-солагии соҳибистиқлолиро бо бунёди иншооти муҳими таърихӣ Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳои замонавӣ, Ҳавзи шиноварӣ, бинои нави боҳашамат барои кормандони соҳаи воситаҳои ахбори умум - КВД «Кохи матбуот», бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатӣ дар маҳаллаи 34-ум истиқбол гирифтанд.
Солҳои минбаъда низ биноҳои нави Раёсати суғдии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми ҳарбии 3501, азнавсозии Лавҳаи Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, боғчаи бачагона дар микроноҳияи сеюм, Кӯдакистони президентӣ ва чандин иншооти дигар сохта, ба истифода дода шуд.
Ба ифтихори 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар дар хиёбони Исмоили Сомонӣ,  пешорӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров  Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» бунёд шуд, ки он бо шаҳомату тарзи меъмории худ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад.
Ба соҳаи саноати кишвар низ назар афканем, тафовути зиёде нисбат ба замони шӯравӣ ба чашм мерасад. Дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доштани 155 корхонаи саноатии калону миёна гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳамзамон сол аз сол коҳиш ёфтани маҳсулоти воридотӣ, афзун шудани шумораи корхонаҳои воридотивазкунанда аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи саноат дар кишвар рушд меёбад ва иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба пешравӣ дорад. Аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ  35 ададаш ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул мебошад. ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН»  аз корхонаҳои  шӯҳратманди ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, давоми солҳои мавҷудияташ  фаъолияти пурсамар дошта, мунтазам баҳри пешравии иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Марҳилаи фаъолияташон аз коркарди нахи пахта сар карда то ҳадди ниҳоӣ, яъне истеҳсоли матои тайёр аст. 95 фоизи маҳсулоти истеҳсолкардаашон содирот шуда, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.
Боиси хушнудист, ки даҳсолаи охир сафи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда афзуда, онҳо бозори дохилиро бо моли худ фаровон гардондаанд. ҶДММ «Файзи Расул», ҶДММ «Порсои Хуҷанд», ҶДММ «Шоҳшир», ҶДММ «Пешсаф» бо маҳсулоти шириву гӯштии худ дар миқёси шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва ҷумҳурияҳои ҳамсоя  маълуму машҳур ҳастанд ва харидорони зиёд доранд.
Мардуми кишвар профилҳои алюминии ҶДММ «Тоҷ Проф», қубуру зарфҳои пласмасии ҶДММ «Севен Стар Пласт», қубурҳои пласмасини ҶДММ «Реал», дари чӯбани байниҳуҷравии  ҶДММ КФ «Фартуна-Ко», рангхои босифати ҶДММ КМ «Силкоат-Бойя» кайҳост, ки мақбули бошандагони кишвар гашта, онро чун масолеҳи бинокорӣ дар бунёди иншооту биноҳои истиқоматӣ истифода мебаранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои азхудкунии шаклу усулҳои хоҷагидории ҳозиразамон дар асоси демократикунонӣ, вусъат додани робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳамкорӣ бо дигар шаҳру давлатҳо имкониятҳои фаровон фароҳам омаданд.  Алҳол шаҳри Хуҷанд, бо шаҳрҳои Оренбурги Федератсияи Русия, Линколни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Табрези Ҷумҳурии исломии Эрон, Чимкенти Қазоқистон ва ғайра бародаршаҳр мебошад.
Бунёди корхонаҳои муштарак, ба кор андохтани истеҳсолоти нав, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, солимгардонии истеҳсолот, ривоҷи соҳибкорӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, масъалаи демографӣ ва танзими оила аз масъалаҳои умдатарине мебошанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии Маъруф Муҳаммадзода ҳалли онҳоро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор додааст.
Иқтисоди бозоргонӣ падидаҳои нави мусбатро ба миён овард, ки яке аз онҳо соҳибкорӣ буда, он ба пешбурди соҳаи иқтисодиёт саҳми калон мегузорад. Нақш ва мақоми соҳибкорӣ дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр хеле калон аст. Зеро он яке аз шохаҳои ба вуҷудоварандаи имконияти бо кортаъминкунӣ бо роҳи муҳайё намудани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мебошад.
Сектори хусусӣ торафт такмил меёбад ва вобаста ба ҳамин бо мадади соҳибкорон даҳҳо мағозаву тарабхонаҳо, қаҳвахонаву ошхонаҳо дари худро ба рӯи мизоҷон во мекунанд.Доираи муносибатҳои бурунмарзии шаҳр вусъат меёбад. Шаҳри Хуҷанд имрӯз бо кишварҳои хориҷи дуру наздик аз қабили Русия, Италия, Австрия, Чехия, Корея, ИМА, Туркия, Белорусия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ва ғайра робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ба шаҳр асосан маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ, ба монанди сарулибос, маводи сӯхт, орд, ғалла, қанд, равғани растаниву чорво ва барои корхонаҳои шаҳр ашёи хом ворид карда мешавад. Шарикони асосии  шаҳри Хуҷанд оид ба содирот Латвия, Русия, Белорусия, Туркия, Қазоқистону Италия ва оид ба воридот Русия, Қазоқистон, Чин, Эрон, Литва, Туркманистон, Украина, АМА ва Туркия мебошанд.
Шаҳри Хуҷанд ба дигар кишварҳо асосан абрешим, ресмон, консервҳои меваву сабзавот, меваи хушк, нӯшокӣ барин маҳсулоти худро пешкаш мекунад.
Хуҷандиён расму таомули наҷибе доранд. Ба истиқболи ҳама иду тантанаҳо ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд ва гулдастаҳою дастовез омода мекунанд. Ба истиқболи  бисту панҷимин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ даъвати дувоздаҳум ва Рӯзи шаҳр армуғонҳои арзанда тайёр кардаанд, ки барои некӯҳолии халқ ва ободу зебо гардонидани шаҳр нигаронида шудаааст.
Хурсандибахш аст, ки таҷлили ҳар ҷашн ба тантанаи ягонагӣ, ғалабаи тафаккури ваҳдат, худшиносӣ ва ватандӯстӣ табдил меёбад. Меҳнатдӯстӣ, мушкилнописандӣ, фарҳангпешагӣ, ахлоқи ҳамида барин хислатҳои воло хоси табиати хуҷандиён аст, ки аз насл ба насл, аз аҷдодонамон то ба мо расидааст. Маҳз ҳамин хислатҳо моро ба зиндагии хушу хуррам, рӯзгори ободу осуда ва фаровон дилпур месозанд.
Ин ҳама дастоварду пешсафиҳо, тараққиву бозёфтҳо боиси он гардид, ки Рўзи шаҳр эълон гардад ва шаҳриён тантанаи идона барпо созанд.
Мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷанд бо меҳнати сидқидилонаву бунёдкорона шаҳри худро боз ҳам ободу зебо мекунад ва ин шаҳри куҳани ҷавонгашта бо ҳусну таровати тоза тасхиргари дилҳо мемонад.

Монаднисои ҚУРБОН,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...