(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрШоми имрӯз бахшида ба Рӯзи Хуҷанд дар назди театри Камоли Хуҷандӣ чорабинии тантанавӣ фарогири барномаи театрикунонидашуда ва консертии ситораҳои дурахшони эстрадаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, меҳмонони дохиливу хориҷии чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои хуҷандиён боздид намуда, баҳои баланд доданд. Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии шаҳр бо шавқу рағбат ва истеъдоди нотакрори хеш маҳораташонро дар сатҳи баланд ба маърази тамошо гузоштанд, ки он меҳмононро ба ваҷд овард.
Дар қисмати расмии чорабинӣ Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин раоснда, аз ҷумла зикр намуд, ки «Дар тӯли наздик се ҳазор соли мавҷудияташ аз сари ин шаҳри тамаддунофар чӣ қадар сахтию сардиҳои таърих гузашт. Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳр Замоне Искандари Мақдунӣ шаҳри Хуҷандро ғасб намуд ва онро Искандари ақсо унвон гузошт, дар асри 8 истилои араб, дар асри 13 муҳорибаҳои тунд бо лашкари чингизиён ва гирудори мазҳабию синфӣ ба зиндагии мардум бетаъсир набуд, вале ҳамоно мардуми ҳунарофару адабпарвари ин шаҳр ба сари баланду рӯйи сурх зиндагонӣ карда, тамаддуни барҷастаи ҷаҳониро ба оламиён эҳдо намуданд».
Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрСипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамагонро бо Рӯзи шаҳр таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои номдори олам вирди забони ҷаҳони муосир гардидааст. Мо, хуҷандиён, аз он ифтихорманд ҳастем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳан, вале ҳамешаҷавони Хуҷанд ба макони боз ҳам ободтар ва манзили муроди садҳо ҳазор инсонҳои хушбахт табдил ёфтааст. Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрПешвои миллат дар ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ аз ҷумла зикр кардаанд: «Шӯҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шӯҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».
Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки Хуҷанд дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз чун маркази  машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷӯҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард ва имрӯз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад. Имрӯзҳо, ки ҷашн дорем, ба таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри Хуҷанд назар карда, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Арӯси дунё», «Беҳҷатмаол», «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст ва дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ набераи Каюмарси Одам – Ҳушанг онро асос гузоштааст. Баъдтар дар замони шоҳи каёнӣ Кайқубод ва дар аҳди Дороб бошад, боз ҳам ободу зебо гардидааст.
Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрРаиси шаҳр таъкид кард, ки дар асрҳои 4–3-и пеш аз милод юнонию мақдуниён баъди забти шаҳрҳои канори дарёи Яксарт (яъне Сирдарё) Хуҷандро аз нав сохта, ба он Александрия Эсхата, яъне Искандарияи Ақсо (Канорӣ) ном ниҳодаанд. Шайх Маслаҳатдини Хуҷан-дӣ аз дидгоҳи илми мардум-шиносӣ, ҳамчун яке аз шахсиятҳои машҳури таърихӣ дар эҳёи симои таъриху фарҳанги Хуҷанди бостонӣ мавқеи махсуси худро дорад. Аҷдоди ин бузургвор аз аҳли илм ва тақво будаанд ва ин омил дар тарбияву камоли маънавии Шайх бетаъсир набудааст. Далели гуфтаҳои мо ин аст, ки мардуми шаҳри Хуҷанд ва атрофу акнофи он 800 сол инҷониб эҳтироми Шайхро ҳамчун шахсияти машҳури таърихӣ ба ҷо меоранд.Муаррихону ҷуғрофидонҳо ва сайёҳони асримиёнагӣ Хуҷандро ҳамчун шаҳри саховатмандон, аҳли илму ҳунар, киштзору боғоташ ҳосилхез ёд карда, онро ба иқлими панҷум, ки аз беҳтарини иқлимҳост, мансуб донистаанд. Мувофиқи ахбори донишмандон ва таърихнависон ҳанӯз дар замонҳои қадим аз қаторкӯҳҳои атрофи Хуҷанд тилло, нуқра, мис, симоб ва навъҳои дигари фулузот истеҳсол карда мешудааст.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз замони Истиқлолият ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард ва инкишоф ёфт. Имрӯзҳо шаҳри мо дар чашми муосирон гул мекунад. Бемуҳобот он ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфта истодааст. Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, чор Донишгоҳ, даҳҳо мактабҳо ва муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, Осорхонаи таърихӣ, Маркази илмии Академияи улуми Тоҷикистон, театри наврасону ҷавонон, театри мазҳака-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ, масҷидҳо, Кохи Рӯдакӣ, Кохи Суғдиён, Кохи матбуот, Қасри варзиш ва даҳҳо иншооти муосир мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошанд. Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрИмрӯз Маҷмааи варзишии 20-солагии Истиқлолият ба меҳвари мусобиқаҳои байналми-лалӣ табдил ёфтааст ва ҳамзамон варзишгарони тоҷик аз шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои варзишии умумиҷумҳуриявӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳи майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсила фаввораҳо, Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», барқарор шудани хонаи Хоҷа Камол, мақбараи рамзии шоир ва ҳайкали ӯ, бунёди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» аз саҳифаҳои дурахшони китоби таърихи маънавии шаҳр дар замони Истиқлолият мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, барояшон саодатмандиву хонаободӣ, комрониву рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро таманно карда, иттилоъ дод, ки тибқи раҳнамоиҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, таҷдиду азнавсозии Қалъаи Хуҷанд, гимназияи №1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ собиқ “Дӯстии халқҳо”, ба зиёратгоҳ табдил додани мақбараи Ҳазрати Бобо ва ғайраҳо мебошад, ки ба ҳусну зебогии шаҳр нуру симои нав хоҳанд бахшид.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва муовини раиси шаҳри Оши ҷумҳурии Қирғизистон Шокир Зулимов низ хуҷандиёнро бо Рӯзи шаҳрашон таҳният гуфтанд.
Таҷлили Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳрСипас, дар вазъияти тантанавӣ ба се нафар: Ғаффор Муҳиддинов, Мукаррам Бузрукова ва Сайрам Исоева унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” тақдим карда шуд. Ба профессор Замира Ғаффорова ва ҳунарманд Замира Юлдошева ҷоизаи ба номи  Маҳастӣ тақдим гардид. Ба шоиру нависандагон, мунаққидон ва драмматургон  Дадохони Эгамзод, Адибаи Хуҷандӣ, Ӯлмаси Хол ва Баҳром Мирсаидов ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил дода шуд. 15 нафар занони ҳунарманд соҳиби Грантҳои Раиси шаҳр аз 3-5 ҳазор сомонӣ  гардиданд. Маҳаллаи “Раззоқ” дар озмуни шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” ғолиб дониста шуд ва ба ин маҳалла маблағҳои пулӣ тақдим гардид.
Сипас барномаи калони фарҳангии театрикунонидашуда ва эстрадӣ  бо иштироки ситораҳои санъат табъи ҳозиринро шоду масрур намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...