(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи АмерикаДар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намуданд.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Филлип Де Леон оғоз гардид.
Сипас дар ҳузури ҷамъомадагон Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баромад намуда, ба Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти фурсат ва иштирок дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён доштанд. Роналд Поллетт, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб меравад ва ин давлат ба қатори даҳгонаи кишварҳои дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ шомил мебошад. Аз ин хотир, мо ҳамчун ширкати дорои имкониятҳои бузурги технологӣ дар соҳаи гидроэнергетика ҳавасманди истифодаи бештари ин технология дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳастем.
Дар кори ҳамоиши соҳибкорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.
Манфиатдории ҷониби Тоҷикистонро аз рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъкид карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро васоити хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Бо ёдоварӣ аз заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки зиёда аз 30 санадро дар бар мегирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таваҷҷуҳи доираи соҳибкорону тоҷирони Америкаро барои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва энергетикӣ, алоқа, сохтмон, технологияҳои нав ва сайёҳӣ ҷалб намуданд.
Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина, қонунгузории мамлакатро дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор намудааст, ки кафолатҳои ҳимояи сармоягузоронро низ таъмин менамояд.
Дар ҳамин замина болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон  аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид карда шуда, ба таври мисол  дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ се маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардидани Тоҷикистон, беҳтар шудани мавқеи давлат дар байни 136 кишвар, ба қатори кишварҳои соҳаи сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта ва даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон ворид шудани Тоҷикистон қайд гардид.
Дар мулоқот барои рушди робитаҳои манфиатбори дуҷониба аз доираи соҳибкорону тоҷирони Штатҳои Муттаҳидаи Америка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи боз ҳам бештару беҳтари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Америка саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо маърӯзаи мукаммал имтиёзҳо ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...