(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъракаҳои тақлидӣ ва серхарҷ афроди алоҳидаро ба бемории сактаи қалб ва асаб гирифтор намудааст

Дар муассисаи таълимии таҳсилоти ҳамагонии №19-и шаҳри Хуҷанд тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Турсунов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва инчунин намояндагони маҳаллаҳои Тиллокон, Темурмалик ва Мевағул вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро оғоз намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷиҳати такмили Қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд. Пешниҳоди мазкурро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон онро ҷонибдорӣ намуданд ва санаи 28 августи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расонида шуд ва он ҳукми қонунӣ гирифт.
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнат­дӯсти тоҷик пайрави қонун меҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд. Зеро онҳо эҳсос карда буданд, ки Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда­ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст.
Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, ки  ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тӯи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ  тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот Мирзошоҳрух Асрорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Хусрав Турсунов, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои ҷолиби хешро баён намуданд.
Саодат Аминҷонова узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ гуфт, ки маҳз серхарҷии маъракаҳо боиси афзудани бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ шудааст. Ва ҳамзамон баъди гузаронидани маъракаҳои тақлидӣ ва серхарҷ афроди алоҳида ба бемории сактаи қалб ва ё асаб гирифтор мешаванд.
Иштирокдорони мулоқот доир ба тартиби гузаронидани маъракаҳои домодталабон, хатнасур, базми тӯй, хизматрасонии санъаткорон, азодорӣ ва ғайра пурсиш ба амал оварда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...