(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мирзошоҳрух Асрорӣ: «Ягон ҷашну маросим манъ нашудааст, балки маъракаҳо танзим шудандДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрӣ ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо иштироки ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳ дар шаҳри Хуҷанд Мирзошоҳрух Асрорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хусрав Турсунов, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумиҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифт. Мирзошоҳрух Асрорӣ: «Ягон ҷашну маросим манъ нашудааст, балки маъракаҳо танзим шудандРаъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба муҳимият ва рӯзмарра будани он андешаронӣ намуд.
Сипас, Мирзошоҳрух Асрорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баромад карда аз ҷумла афзуд, ки дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ рӯз аз рӯз афзун гардида, сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст. Маҳз ба шарофати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки мардум зиндагии шоистаро ба даст оварданд. Ҳадаф аз тағйиру иловаҳои навбатӣ низ танҳо ба хотири сарфа намудани маблағҳои мардум ва пешгирӣ намудан аз зиёдаравиҳо мебошад. Асоси тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди  мардум сурат гирифтааст. Ва бархе имрӯз иддао доранд, ки ҷашу маросимҳо аз байн рафта истодаанд, вале ин нодуруст аст, ягон ҷашн, оин ва маросимро қонунгузор манъ накардааст, вале гузаронидани маъракаи ин ё он ҷашну маросим, ки боиси харҷи зиёд ва худнамоиҳо шудаанд танзим ва ё манъ шудаанд.
Гулбаҳор Назирӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид намуд, ки Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар кишварҳои минтақа ҳамто надоранд ва ҳамкасбони парлумонии мо кӯшиш доранд, ки аз таҷрибаи 10 солаи мо дар ин самт омӯзанд. Гулбаҳор Назирӣ дар шарҳи Қонун афзуд, ки гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа, ки аз урфу одати мо берун аст, манъ карда шудааст.
Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда мешаванд. Дар як вақт ба падару модарон  ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо  иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Хусрав Турсунов, корманди Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ доир ба тағйиру иловаҳои вобаста ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии кишвар андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст,  барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Хусрав Турсунов афзуд, ки барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати  онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ  ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар мулоқот иштирок намуда, андешаҳои хешро доир ба Қонуни мазкур иброз дошта, онро ба манфиати умум арзёбӣ кард.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд ҳусни анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...